home Руйдодхо Кишоварзи-истифодаи самараноки замин

Кишоварзи-истифодаи самараноки замин

Дар дехоти Тугарак, нохияи Восеъ,  ин заминро хочагии дехконии ба номи «Шахбоз»  истифода  мебарад. Аъзоёни хочаги имсол дар майдони  10 гектар  замин  пунбадона кишт намуда, барои  ба даст овардани хосили  баланд,  мехнат карда истодаанд. То  дахрузаи  аввали мохи июн  корхои   ягона, гизодихи   ва  дигар тадбирхои   коркарди  байни  каторахои нихолхои  пахтаро  саривакт ва босифати баланд   дехконон,  анчом  доданд.

Рузи  12 июн, гурухи кории  макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия, шиносои бо вазъи холати кишоварзи  дар дехоти Тугаракро  аз хамин заминхо шуруъ карданд.Дар дехоти Тугарак, дехаи Сулхобод  ин  мавзеъ  заминхояш хосилхел мебошад.  Соли гузашта на кам аз  50 сентнери хосили пахта доданд.  Дар хочагии дехконии  «Якатут»  ва заминхои хамсархади  он истифодаи самараноки заминхо ба рох монда шудаанд.  Аъзоёни гурухи кори, ки аз намояндагони кумитаи  замин, раёсати кишоварзи, мутахасисони чамоати дехот иборат буданд, дар сухбат бо дехконон  аз шароити кори онхо хабардор шуда,  барои истифода, тачрибаи  пешкадами дехкононро    кайд   карда гирифтанд.

   

Сафари мо хамрохи гурухи кори  идома ёфт.  Дар дехаи Ибрат,  хочагии дехконии  ба номи «Бобои Тагайкул» байни дигар хочагихо  пешсаф мебошад.  Фаъолияти   ин  хочаги ба сохаи пахтакори равона гардидааст. Аз руи итилоъи  сардори хочаги, пунбадонаро  рузи якуми март кишт карданд. Аз руи холати нашъунамои нихолхо, нимаи дуюми мохи июл ба чамъоварии хосили пахта   шуруъ мекунанд. Дар ин заминхо бошанд,  баъди чамъоварии хосили якум, дар кишти такрори дехконон  шоли кориданд.  Хамин тавр, аз руи мушохидаи мо дар дигар заминхои  кишоварзии худуди дехаи Ибрат, истифодаи заминхо хуб ба рох монда шуданд. Барои кишти такрори,  оби полези  таъмин карда шудааст.          Дар  дехоти Тугарак, дар  дехаи ба номи Хасан Курбонов, бошад,   аз руи  мушохидаи мо  дехконон ба чамъоварии  хосили сабзавот машгул мебошанд. Нимаи дуюми мохи июн, давраи чамъоварии  хосили сабзи  ва кишти такрори мебошад

 

.Сокинони дехаи ба номи Хасан Курбонов ва дехахои пахлуи он  шугли асосиашон, дехкони мебошад.  Дар дехаи Иттифок, тавре муаян гардид, барои рушду равнаки сохаи кишоварзи шароитхои  мусоид  фарохам  оварда шуданд.Дар нохияи Восеъ, дар дехоти Тугарак дар баробари сохаи пахтакори, ба самти сабзавоту  обчакори   имсол  таввачухи калон зохир карданд.  Натичаи  рафти  шиносоии  гурухи кори макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия, дар дехоти Тугарак, дар  мулокот  бо сокинон     ва   рохбарони  хочагихои дехкони  чамъбаст карда шуд.

   

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров.

 

70 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.