Дар нохияи Восеъ, бо дастгирии Хукумати мамлакат дар асоси пешниходи макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия, дар дехоти ба номи Мирзоали Вайсов дар дехаи Хоча- галтон, байни деха, дар ин мавзеъи кушоду бархаво,бо табиати зебо, корхои сохтмонии бинои нави муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №47 огоз гардид. Тибки накшаи меъмори, бинои нави таълими ду ошёна буда аз хашт синфхона иборат мебошад. Дорои 192 чои нишаст, ду утоки кори, синфхонаи компютери ва тахлилгох мебошад. Баъди анчоми корхои сохтмони дар ин бино дар ду баст 384 нафар хонандагон дар шароити хуб ба тахсил фаро гирифта мешаванд. Дехаи Хочагалтон ба мактаби замонави эхтиёч дошт.
Корхои сохтмонии бинои таълими аз чониби Чамъияти масъулияташ махдуди «Соник» рохандози карда шудааст. Масолехи сохтмони сари вакт дастрас мегардад. Ин имкон фарохам овардааст, ки корхои сохтмони бо суръат ва сифати баланд, тибки накшаи пешбинигардида, хато пеш аз мухлат сари вакт ичро гарданд. Бо хамин тартиб самти фаъолияти кори ба рох монда шуда, баъди анчоми корхои сохтмонии тахкурсии бино, нимаи дуюми мохи январ сохтмончиён ба корхои сохтмонии ошёнаи якуми бино огоз намуданд. Иншооти нави сохтмони дар дехот ба чойхои нави кори мусоидат намуд. 30 нафар сокинони махали дар ин иншоот ба кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Дар дехаи Хочагалтон, мактаби нав дар масохати 2,5 гектар бунёд мегардад. Тибки лоиха, баъди истифодаи ин бино корхои сохтмони ин чо катъ нагашта, идома меёбад. Тибки накша, дар шафати ин бино, боз як бинои таълимии дигар иборат аз се ошёна ва сохтмони толори калони варзиши дар назар аст.
Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров