Лату кӯби таксирони тоҷик аз ҷониби пулиси Маскав

Нозирони роҳи шаҳри Маскав як ронандаи такси, зодаи Тоҷикистонро лату кӯб намуда, дар робита ба ин ҳодиса Кумитаи тафтишоти Русия санҷишро оғоз намудааст. «Дар васоити ахбори умум перомуни аз ҷониби кормандони пулиси пойтахт боздошт шудани таксиеро, ки ба роҳгузар дар ҷойи иҷозашуда роҳ надодааст, хабар интишор шуда, зикр мегардад, ки баъди боздошт кормандони пулис боз …

Идомаи ҷустуҷӯи ҷасади ҷавони худро ба дарё партофта барои халосӣ аз «облава»

Корҳои ҷустуҷӯи ҷасади сокини 17-солаи шаҳри Роғун, ки 19 апрел ҳангоми фирор аз маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват кардан (облава) худро ба дарё партофта шуда буд, идома дорад. Қаблан васоити ахбори умуми Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дода буданд, ки сокини 19-солаи шаҳри Роғун Қиёмиддин Шарифов ҳангоми маъракаи маҷбур дастгир кардану ба хизмати ҳарбӣ фиристодан …

Ахтаи кимиёвӣ барои «бачабозӣ» дар Қазокистон

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев лоиҳаи қонунеро ба имзо расонид, ки дар он барои афроди гунаҳкор эътирофшуда дар «бачабозӣ» (педофилия) ахтаи кимиёвӣ пешбинӣ мешавад. Дар лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади «пешгирии инсон аз хушунати шаҳвонӣ» тариқи сӯзандору ворид кардани маҳлули кимиёвӣ пешбинӣ гардида, тарҳи қонун моҳи гузашта аз ҷониби парлумони ин кишвар маъқул шуморида шудааст. Мутобиқи …

Дар Ӯзбекистон корманди милитсия бонкро ғорат кард

— Як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноятпеша бо роҳбарии корманди милитсия ба шуъбаи «Микрокредитбанк» дар яке аз ноҳияҳои вилояти Хоразми Ӯзбекистон ҳамла оварда, 45 халтаи пул ба маблағи умумии беш аз 16 млн. сӯм (каме бештар аз 2600 доллари ИМА)-ро ғорат кардааст, — хабар медиҳад Озодлик. Як манбаъи наздик ба раҳбарияти «Микрокредитбанк» ба Хадамоти иттилоотии Осиёи Марказӣ …

Тоҷикону қафқозиҳо барои пул муноқиша кардаанд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ медиҳад, ки муноқиша миёни муҳоҷирони тоҷик бо зодагони Қафқоз назди яке аз мағозаҳои ноҳияи Бирюлеволи шаҳри Маскав, ки бар асари он сокини 24-солаи ноҳияи Ёвон Рамазон Шоимов кушта шуд, барои пул ба вуқӯъ пайвастааст. Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки аз …

ВКД доир ба ҳамла ба шуъбаи «Агроинвестбонк» дар Данғара

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон базудӣ ҷинояти ҳамлаи роҳзанона ба шуъбаи ҶСК «Агроинвестбонк» дар ноҳияи Данғараро, ки субҳи 19 апрел содир шуда буд, ошкор намуданд. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита менависад, тахминан соатҳои 04:30-дақиқа рӯзи 19 апрел шахси номаълум бо мақсади роҳзанӣ, яъне ҳуҷум бо нияти тасарруфи амволи ғайр бо истифодаи зӯроварӣ, ба дохили …

Сокини Турсунзода собиқ ҳамсарашро буғӣ карда кушт

Аввали ҳамин ҳафта дар шаҳри Турсунзода ҳодисаи фоҷеабор ба вуқӯъ пайваста, як мард собиқ ҳамсарашро буғӣ карда кушт. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад,  зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 30-солаи сокини шаҳри Турсунзода аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шудааст. Гуфта мешавад, гумонбаршуда, санаи 18-уми апрели …

Дар Волгоград шаҳрванди Тоҷикистонро зинда гӯр карданд

Қотилон пеш аз анҷоми ҷиноят якҷо бо ҷабрдида 22-мин зодрӯзи ӯро таҷлил карданд. Ба иттилои маркази матбуотии Кумитаи тафтишотӣ дар вилояти Волгоград, 18-уми апрел ба ниҳодҳои интизомӣ як сокини шаҳр омада, хабар дод, ки шоҳиди қатл шудааст. Маълум шуд, ки 12-уми апрел вай ҳамроҳ бо дӯстонаш 22-солагии як шаҳрванди Тоҷикистонро ҷашн гирифтаанд, ки исмаш гуфта …

Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати корманди дастгоҳи президент

Нисбати роҳбари маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Қадамҷон Сафизодаи 34-сола, ки ҳанӯз 3 апрели соли ҷорӣ боздошт шуда будааст, суди пойтахт бо дастрасии моддаи 259, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Соҳибкории ғайриқонунӣ дар ҳайати гурӯҳи муташаккил) парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Шӯрои адлияи Тоҷикистон хабар доданд. …

Ғорати автобуси тоҷикони раҳсипор ба Русия дар Қирғизистон

Дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон автобусе, ки аз Тоҷикистон ба Русия раҳсипор буд, мавриди ғорат қарор гирифт. Дар ин автобуси начандон бузург 18 нафар ҳузур дошта, қариб ҳамаашон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Бино ба иттилои хабаргузории КирТАГ бо истинод ба Раёсати корҳои дохилии вилояти Ҷалолобод, рӯзи чоршанбеи ҳафтаи равон ронандаи мусофиркаши хурд (маршрутка)-и хатсайри байнулмилалӣ ба онҳо …