Зулхумор Рахимова, яке аз он заноне мебошад, ки таъсири мухочират ба оилаи У расидааст. Шавхараш соли 2012 ум ба мухочирати мехнати рафта, аз он чо барнагашт. Зулхумор мегуяд, ки бо шавхараш робита доранд. Баъзан, таввасути телефон гап мезананд. Зулхумор сохиби ду фарзанд аст. Хар ду ноболиг хастанд. Фарзандонро модар нигоху бин ва тарбия менамояд. У, …
Сокини нохияи Восеъ, Сайхомид Мирзохонов ва хамсараш орзу доштанд, ки даврони пиронсолиашонро дар сояи давлати фарзандон ва наберахо шоду бегам пеш мебаранд. Лекин чунин нашуд. Онхо сохиби ду фарзанд хастанд. Фарзандон сохиби дару хонаи худ мебошанд. Дар ин хона бошад, падару модари ниёзманд аз кумак ва дастгирии фарзандон бенасиб монданд. Вокеъаи гайричашмдошт, ки амаки Сайхомидро …
Чурахон ва Робия ба шуъбаи кор бо занон ва оилаи макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохияи Восеъ, бо максади халли мушкилоти оилавиашон баъди мурочиат даъват шуданд. Се фарзанди ноболиг доранд. Бо сабаби зуроварии хонаводаги Робия хохиш дорад, ки аз шавхараш чудо шуда, барои нигохубини кудакон аз У алимент ситонад. Чурахон бошад, максади чудо шуданро надорад. Мегуяд, …
Ин наворхо аз туи хонадоршавии Каххор ва ирода мебошанд. Каххор шахрванди Точикистон ва Ирода аз Узбекистон онхо дар донишгохи технологии шахри Санк Петербург федерастсияи Россия тахсил доранд. Баъди шиносои, онхо гуфтанд, ки хамдигаро мисли Лайли ва Мачнун нагз диданд. Ишку мухабати самими онхоро ба кароре овард, ки оила барпо намоянд. Ба ин карори чавонон волидон …
Евгений ё Абдулло дар сини 56 солаги оиладор шуда, акнун мазаи хушбахтиро мечашад. То ин вакт хамрохи модараш зиндаги мекард ва дар хусуси оиладор шудан фикр намекард. Аз руи гуфташ модараш ба оиладор шуданаш рози набуд. Баъди вафоти модар, У танхо монд. Зиндаги барояш душвор гардид. Евгений исломро кабул карда, номашро Абдулло кард. Хамсояхо ба …
Ин масчиди чомеъ, дар чамоати дехоти ба номи Рудаки, вокеъ буда яке аз калонтарин масчидхои нохияи Восеъ аст. Ин марди нурони, сархатиби хамин масчид, Абдугаффор ном дорад. У 35 сола аст. Оиладор, сохиби чор нафар фарзанд мебошад. Дар тарбияи ахлокии чомеъа оила мавкеъи мухим дорад. Дар масчид, мо бо Абдугаффор атрофи ин мавзуъи мубрами руз, …
Анорби Султонова, аз фанни маърифати оиладори дарс мегуяд. Омузгори махсуси ин фан нест. Муаллими фани забон ва адабиёт, оиди мавзуъи маърифати оиладори иштирокчии якчанд семинархо буда, дар ин самт дониш ва малакаи хуб пайдо кардааст. Тачрибаи муаллим, китоби маърифати оиладори, ва накшаи тасдикнамудаи директори мактаб ана хамин тавр дар мактаб хонандагон ба пахлухои гуногуни хаёти …
Саддам Курбонов ятими кулл буда, тарбиягирандаи мактаб интернати №1 дехаи Арал чамоати дехоти ба номи Мирали Махмадалиев нохияи Восеъ аст. Футбол бозии дустдоштааш мебошад. Вактхои берун аз машгулиятхои дарси ба ин бози машгул мешавад. Ба обутоби бадан хамеша диккат медихад. У хуб медонад, ки шугли дар оянда интихоб намудааш аз солимии чисмонии У вобастагии калон …
Зулфия Авгонова сохиби се духтар ва ин писарбача мебошад. У дар дехаи Сулхободи боло чамоати дехоти Тугарак нохияи Восеъ зиндаги дорад. Дехаи онхо навбунёд буда аз 40 хочаги иборат аст. Зулфия мегуяд, ки дар шароити дехаи онхо солим нигох доштани фарзандон кори мушкил аст. Аз бунёд гаштани ин мавзеъи истикомати дах сол сипари гашта бошад, …
Фаризамо Алиева, ана хамин тавр хашт нафар фарзандро ба воя расонидааст. Онхо калон шуда падару модар шуданд. Холаи Фаризамо, акнун биби аст. Аз гавхора, холо хам дур нест. Ба воя расонидани наберахо шугли асосии У дар хона мебошад. Ин модар мегуяд, ки ба воя расонидани 8 нафар фарзанд, барояш кори осон набуд. Дар дехаи Чорбог …