Рузи модарон – дар касри фарханги М. Махмадалиев

Бахшида ба Рузи модар, дар чамоати дехоти ба номи Мирали Махмадалиеви нохияи Восеъ, баъди корхои таъмиру сохтмони касри фарханги ба номи Мирали Махмадалиев, расман мавриди истифода карор дода шуд. Толори мачлисгохи касри фарханг 360 чои нишаст дошта курсихо замонави мебошанд. Дохили каср бо тархи милли ороиш дода шудааст. Мачлиси тантанави бахшида ба Рузи модар дар …

Собикадорони мехнат чавононро ба тахаммулпазири даъват мекунанд

Дар нохияи Восеъ, собикадорони мехнат ба мактабхо рафта бо наврасон, дар бораи вазъи имрузаи Точикистон ва чахон сухбату вохурихо мегузаронанд. Мавзуъи сухбати онхо бо наврасон, пешгирии шомилшудани чавонон ба хар гунна харакату чараёнхо, ки хусусияти экстремисти ва терористи доранд буда, наврасону чавононро ки ояндаи миллату давлат хастанд, ба тахамулпазири даъват менамоянд. Гузаронидани чунин чорабини дар …

Дар Тоҷикистон беҳтарин шаҳру деҳоту оиларо муайян мекунанд

Бо амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ба муносибати 25-солагии истиқлолият озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад. Ин озмун беҳтарин вилоят, шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, маҳалла, хона ва хонаводаи намунавиро аз миёни марказҳои маъмурии мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи марказ муайян мекунад. Тавре дар амри президент …

Президент ҳавошиносонро барои пешгӯиҳои нодуруст аз кор ронд

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи ҳукуматии рӯзи 4 март раиси Кумитаи миллии обуҳавошиносии он кишварро сабукдӯш кард, хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллии Туркманистон. Дар маҷлиси ахири ҳукуматӣ Бердимуҳаммадов Ботур Халлиев ва муовинашро барои «камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолият» сабукдӯш кардааст. «Бо ҳадафи беҳтар кардани кори Кумитаи миллии обу ҳавошиносӣ мо бинои нав сохтем, ёрии молӣ расонидем, …

То охири сол нисфи мактабҳои Қирғизистон ба Интернет пайваст мешаванд

Ба гуфтаи ин масъул, то соли 2017 интизор меравад 606 мактаби дигар бо Интернет таъмин шавад. Барои ин аз буҷаи кишвар 100 миллион сом (муодили 10 миллион сомонӣ) ҷудо шудааст. 1200 мактаби боқимонда то соли 2020 соҳиби Интернет хоҳанд шуд. «Дар навоҳии дурдаст мисли Олой, Чаткала, Норин ҳатто алоқаи телефонӣ мавҷуд нест. Нахуст бояд ба …

Эмомалӣ Раҳмон: «Духтур ҳаргиз ҳаққи хато карданро надорад!»

Маркази тиббии «Истиқлол» дар пойтахти Тоҷикистон 4 март мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи ин маркази тиббӣ, ки дар Тоҷикистон бузургтарин аст, президент Эмомалӣ Раҳмон ширкат кард. Барои сохтмони маркази тиббии «Истиқлол» беш аз 11 миллион доллар сарф шуда, ин бемористон дорои 650 кат аст. Дар маросими ифтитоҳи маркази нави тиббӣ зикр шуд, …

Имом хатибони Тоҷикистонро ба театр «даъват» карданд

Бо ташаббуси Кумитаи дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон имом хатибон аз масҷидҳои минтақаҳои гуногуни кишвар намоишномаи «Сиреву саводе»-ро дар театри ба номи Лоҳутӣ тамошо карданд. Афшин Муқимов, сухангӯи ин ниҳод ба Озодӣ хабар дод, ки рӯҳониён низ узви ҷомеа буда, хоҳишҳои маънавӣ доранд, ки бояд бо намоишҳои хуб онҳоро қонеъ кард. Ба …

Э. Раҳмон: Мардум барои худ ғизо захира намоянд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 29-уми феврал дар ҷаласаи ҳукумат аз хушксолӣ ва камҳосилӣ дар кишвар ҳушдор дод. Тибқи иттилоияи расмӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст, ки “камборишии зимистону аввали баҳори имсола ва ҳамчунин фарорасии барвақти ҳавои баҳорӣ аз эҳтимолияти хушксолию камобии дарёҳо ва ҳамчунин аз хатари камҳосилӣ дарак медиҳад”. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин робита маслиҳат …

Ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма

Душанбе, 01.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ якбора се иншооти муҳими Васоити Ахбори Омма — Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш», Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» ва Муассисаи давлатии «Академияи васоити ахбори умум»-ро ифтитоҳ намуд. Мавриди зикр аст, ки таъсиси муассисаҳои нави телевизионӣ …

Варзиши кушод

Бо максади чалби чавонон ба варзиш,интихоби тарзи хаёти солим ва ба истикболи сазовор чашн гирифтани Наврузи байналмилалли, 25 умин солгарди истиклолияти давлатии чумхурии Точикистон, дар нохияи Восеъ, бахши кор бо чавонон, варзиш ва саёхи, дар якчояги бо чамъияти варзишии Хосилот, дар чамоатхои дехот мусобикаи варзишии кушод мегузаронанд. Дар мусобикаи кушоди волейбол, ки дар чамоати дехоти …