home Руйдодхо Дар Тоҷикистон беҳтарин шаҳру деҳоту оиларо муайян мекунанд

Дар Тоҷикистон беҳтарин шаҳру деҳоту оиларо муайян мекунанд

Бо амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ба муносибати 25-солагии истиқлолият озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.
Ин озмун беҳтарин вилоят, шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, маҳалла, хона ва хонаводаи намунавиро аз миёни марказҳои маъмурии мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи марказ муайян мекунад.
Тавре дар амри президент омадааст, озмун ба хотири «дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои мамлакат, ободонӣ, бунёдкорӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, фарҳанг ва таъриху тамаддуни тоҷикон» баргузор мегардад.

35 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *