home Руйдодхо Видео: Оби нушоки — мушкилот дар Кулоб

Видео: Оби нушоки — мушкилот дар Кулоб

Сокинони  махалаи   Вахдатободи  шахри Кулоб,   аз  масофаи зиёда  аз як  километр рох, аз   истгохи обкашии ба номи Назаров  оби нушоки  мебаранд.   Ин мушкилоти сокинон, баъд  аз кор  мондани насоси обкаши пайдо гаштааст.

Махалаи   Вахдатобод, дар даромадгохи шахри Кулоб вокеъ аст.  Кариб 100 хочаги   дар ин махала  зиндаги дорад. Ин махала соли 2010 ум  обод шудааст.  Сокинонаш оилахое мебошанд, ки дар натичаи офати табии,  зарар дида,  аз махалаи Чармгарони поён  ба ин махала кучонида шудаанд.

Сокинони   махала мегуянд, ки солхои аввал, вакте  ки онхо ба ин чо омаданд,  аз  оби нушоки  танкиси надоштанд. Мушкилотхо   баъдтар пайдо гаштанд. Дар ин махала  хати оби нушоки, то ба ин деха  расидан,  дар  хати сурх  аз махалаи ба номи  Шамсов, панч обтаксимкунакхо   сохта шудааст.

Солхои баъди, бо сохта шудани манзилхои истикомати,  аз хамин  обтакимкунакхо бо чунин кубурхои полиэтилини  ба дигар хонахо хати об кашидаанд. Ин боиси кам гаштани об гаштааст.   Дар маркази махалаи Вахдатобод ,   обанбори гунчоишаш 500 куб  сохта шудааст.

Аз руи лоиха  оби нушоки бояд, ба хамин обанбор омада, обанборо пур намояд ва сипас аз хамин обанбор   об,   ба махала чори бояд  гардад. Бо сабаби  мавчуд будани  монеъахо об то обандор намерасад.  Дар  корхонаи обу канализатсияи шахри Кулоб  гуфтанд, ки  рузхои наздик   махалаи Вахдатобод  бо оби нушоки таъмин мешавад.

Пойгохи  марказии обтаъминкуни  дар шахри Кулоб, назди корхонаи обу канализатсия  вокеъ  аст.  Оби тозаи ошомидани аз дехаи  Чангалбоши, бо гузаштани панч  баланди  ба   ин пойгох  расида, аз хамин чо ба дигар китъахо  таксим   мешавад.

Барои таъмини  пурраи махалахои навбунёди    шахри  Кулоб, бо оби нушоки, баъди форуми сохибкорон,  лоихахои нав амали карда мешаванд.  Аз руи гуфти мутахасисон, бошад  маърифати баланди истифодабарандагон  ва  сари вакт пардохт намудани хаки истифодаи оби нушоки    омили асосии таъмини сокинон бо оби нушоки мебошад.

mavji-ozod.tj

 

218 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *