home Руйдодхо Видео: Рузи кудакон — Фархор, Восеъ

Видео: Рузи кудакон — Фархор, Восеъ

Ин кудакон, аз мухаббаташон нисбат ба мактаб, Рузи байналмиллалии мухофизати хукуки кудакон, аз чунин бозичахо бинои мактабро сохтанд. Онхо мактабро дуст медоранд. Сину соли онхо хануз ба мактаб нарасидааст.

Дар маркази инкишофи кудак, ба мактаб омода мешаванд. Ин чо бози мекунанд, расм мекашанд, шеър мехонанд. Дар ин руз, марказхои инкишофи кудакон, корхои эчодии кудаконро ба намоиш гузошта, нишон додани хастанд, ки кудакон кобилияти хуб доранд.
Чорабинии идона бахшида ба Рузи байналмиллалии мухофизати хукуки кудакон дар нохияи Фархор, дар сахни хавлии муасисаи тахсилоти миёнаи умумии №8 доир гардид.

Шуъбаи маорифи нохия, Шуъбаи кор бо занон ва оила, Бахши чавонон,варзиш ва саёхи, Шуъбаи фарханги нохия, Комиссияи мухофизати хукуки кудак, аз руи накша чорабинихои макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия, ин чорабиниро гузарониданд. Дар ин чорабини ба кудаконе ки имконияти махдуд доранд, тавачухи махсус зохир карда шуд.

Дар кисмати тантанавии чорабини раиси нохия, рохбарони ташкилоту муасисахо дар назди кудакон баромад намуда, кайд намуданд, ки Хукумати мамлакат, Макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия саъю талош менамояд,ки барои таълими фарзандон тамоми шароити заруриро мухайё менамоянд.

Чавобан ба гамхорихои Пешвои миллат, Президенти чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон, мактабиёни нохияи Фархор, имсол, аз фанхои таърих ва хукук голлибони озмунхои чумхурияви гардиданд.
Дар ин чорабини ба он нафароне ки дар пешрафти сохаи маориф сахм гузоштаанд, бо ифтихорномахо кадр карда шуданд. Чорабини бо барномаи идонаи консерти анчом ёфт.
Чорабини бахшида ба Рузи байналмиллалии мухофизати кудакон дар нохияи Восеъ, дар богчаи №2 ки номи Офтобакро дорад, доир гардид. Ин муассисаи тахсилоти томактаби соли гузашта фаъолияташро дар хамин руз огоз намудааст.
Дар ин чорабини намунаи корхои эчодии кудакон ба намоиш гузошта шуданд. Гулафзои Умедчон аз дехаи Кадучи ба ин чорабини хамрохи бобояш омадааст. Гулафзо завки шеъргуи дорад.

Навиштахояшро ин рузномахои даври чоп намудаанд.
Дар шахраки Восеъ, ду муассисаи томактаби ва як маркази будубоши рузонаи Ситора барои кудакони имконияташон махдуддошта фаъолият доранд. Дар ин руз барои тамошои кудакон, намоиши тамошои расмхо ки аз тарафи худи кудакон кашида шуда буданд, ба намоиш гузошта шуданд. Расмхоро кудакон бо завки баланд тамошо карданд. Кисмати дигари чорабини аз раксу сурудхо иборат буданд.

mavji-ozod.tj

222 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *