home Руйдодхо Видео: Рузи Парчам — Хамадони

Видео: Рузи Парчам — Хамадони

Дар нохияи ба номи Мир Саид Алии Хамадони бахшида ба Рузи Парчами давлати дар толори Макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия мачлиси тантанави  доир гашт. Раиси нохия сокинони нохияро ба муносибати Рузи Парчами давлати табрик гуфта, кайд намуд, ки Парчамдори ва дигар мукаддасоти милли эхтирому гиромидошти онхо моро водор месозад, ки чихати рушду инкишофи ватани азизамон беш аз пеш захмат кашем.

  xamadoni-parcham10

xamadoni-parcham11

Ба хотири расидан ба хадафхои стратегии миллиамон содикона ба халку ватан хизмат кунем. Дар ин чамъомад  намояндагони макомоти хифзи хукук, муаллимон ва собикадорони мехнат баромад намуда, гуфтанд, дар давраи сохибистиклолии Точикистон, кадршиноси ва гироми доштани парчами милли эхтиром ба миллат давлату давлатдори ва ватани махбубамон  мебошад, ки нохияи ба номи Мир Саид Алии Хамадони аз чихати иктисоди  ба яке аз нохияхои пешрафта дар  минтака  табдил ёфт.

xamadoni-parcham

xamadoni-parcham7

xamadoni-parcham2

Дар ин чорабини аз таърихи Парчамдории точикон гуфта гузашта кайд намуданд, ки тибки сарчашмахои таърихи дар аввалин давлатхои таъсисдодаи гузаштагони мо парчамдори асоси хасти ва пешбурди корхои давлат ба хисоб рафта, ин сунат дар даврахои минбаъда низ бо риояи расму таомули хосаи милли идома пайдо кардааст.

xamadoni-parcham3

xamadoni-parcham1

xamadoni-parcham4

Точикон парчамро  хамчун нишонаи нангу номус ва адолату осоиш нигохдори мекарданд ва ин аст, ки ниёгони мо парафшон будани парчамро бо сарбаландии хар фард баробар дониста, барои хифзи он ва то ба рузхои мо идома пайдо кардани ин сунати ачдоди чоннисорихо кардаанд.

xamadoni-parcham6

xamadoni-parcham5

 

Баромадкунандагон таъкид доштанд, ки хар фарди бонангу номуси кишвар мехру садокати худро барои химояи парчам бояд таввасути хизмати содиконаву софдилона ба ватан ва халки Точикистон собит созад.

xamadoni-parcham9

xamadoni-parcham12

Дар кисмати фархангии чорабини бахшида ба чашни рузи Парчами давлати дар нохияи ба номи Мир Саид Алии Хамадони  кормандони идораи фарханги нохия  барномаи идонаи консертиро бахшида ба рузи Парчами  намоиш доданд.

mavji-ozod.tj

 

65 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *