home Руйдодхо Видео: Эхёи бозихои милли — Восеъ, Хамадони

Видео: Эхёи бозихои милли — Восеъ, Хамадони

Ин чуби   оддиро,  чилик ва дангал, ном мебаранд. Дар бозии  кадимаи миллии точикон, бо номи чиликдангал воситаи асоси   ба хисоб меравад. Бо максади эхё намудани ин ва дигар бозихои милли дар нохияи Восеъ Бахши чавонон, варзиш ва саёхии нохия дар хамбастаги бо мактаби бачагонаи варзишии нохия рузхои чашни Иди навруз байни наврасон  мусобикаи варзиши гузарониданд. Рафти ин мусобикахо нишон доданд, ки наврасон ба  бозихои милли тавачухи калон доранд.

Эхёи бозихои милли-Восе-Хамадони 01

Эхёи бозихои милли-Восе-Хамадони 03

Эхёи бозихои милли-Восе-Хамадони 04

Эхёи бозихои милли-Восе-Хамадони 05

Дар чашнворахои наврузи бахшида ба Навруз дар нохияи ба номи Мир саид Алии Хамадони хам бозихои мили гузаронида шуданд. Дар чамоати дехоти Дашти Гулло дехаи Файзобод дар муассисаи тахсилоти миёнаи  умумии №52 дар ин бози, нафаре ки гирди ин чуб дах маротиба давр зада, баъди анчоми ин амал   дах кадам гузошта аз таги ин туб мукофот мегирад. Ин бози шавковар гузашта на хама сохиби мукофот шуданд. Бозии дигаре ки  байни мардуми точик  рузхои чашнворахо хеле  маъмул буд, тухмбози ба хисоб меравад. Тухми нафаре ки сахтар  бошад, сохиби тухм мегардад.   Тавачухи наврасонро бозии дигар  бе кумаки дастон,   газидани себи овезон  ба худ чалб кард.

Эхёи бозихои милли-Восе-Хамадони 16

Эхёи бозихои милли-Восе-Хамадони 17

Эхёи бозихои милли-Восе-Хамадони 18

Дар чамоати дехоти Дашти Гулои  нохияи ба номи Мир Саид Алии Хамадони  дар чашни Навруз, дар бахши таомхои наврузи   навгонихо  зиёд буданд,  хуришхоро бидуни гушт бо истифода аз об, растанихо, мевагихо омода намуданд. Ин бесабаб нест. Аз  давраи шох Чамшед, точикон обро мукадас медонистанд. Дар давраи сохибистклолии Точикистон  бо пешниходи  Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон, дар созмони миллали мутахид,  дахсолаи нави байналмиллалии об  барои рушди устувор кабул карда шуд. Давлатхои чахон ташабуси Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмонро кабул намуданд.

Эхёи бозихои милли-Восе-Хамадони 14

Эхёи бозихои милли-Восе-Хамадони 15

Эхёи бозихои милли-Восе-Хамадони 19

Дар катори дигар сокинони шахру нохияхои Чумхури аз ин руйдоди мухими таърихи сокинони нохияи ба номи Мир Саид Алии Хамадони бо  сарбаланди истикбол гирифтанд.   Сокинони дехаи Файзобод  дар рузи чашни Иди навруз хурушхои наврузиро бо истифодаи об  омода намуданд. Ба монанди тезакоб, сабзакоб, дугоб, курутоб, шакароб, мастоб, биринчоб, палоб. Дар номи таомхо истифода шудани калимаи об нишонаи аслан таоми точики будани онхо мебошад. Ин духтарон дорои хунари пазандаги мебошанд.  Мардуми точик занону духтарони хунарманд ва покизаро кайбону ном мебаранд.

Эхёи бозихои милли-Восе-Хамадони 09

Эхёи бозихои милли-Восе-Хамадони 11

Эхёи бозихои милли-Восе-Хамадони 13

Дар чашнвораи наврузи хангоми оростани таомхои наврузи ва намоиши расму оини нарвузи чавонон ва наврасон  нишон доданд, ки онхо аз таърихи ниёгонамон хуб огохи доранд.

Эхёи бозихои милли-Восе-Хамадони 06

Эхёи бозихои милли-Восе-Хамадони 07

Эхёи бозихои милли-Восе-Хамадони 08

mavji-ozod.tj

129 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *