home Руйдодхо Видео: Обхези — гузориши махсус

Видео: Обхези — гузориши махсус

Ин одамон барои пешгири намудани   сел ба ин сохили дарё омадаанд. Таввасути хашар, бо гузоштани ин гуна линчахои аз кум пур карда шуда пеши рохи селро гирифтани хастанд. Сокинони дехаи ба номи Хасан Курбонови чамоати дехоти Тугараки нохияи Восеъро, солхои охир сел ором намегузорад.

Обхези - гузориши махсус 01

Обхези - гузориши махсус 03

Обхези - гузориши махсус 05

Обхези - гузориши махсус 06

Обхези - гузориши махсус 08   Обхези - гузориши махсус 16

Дар хамин чо аз  24 гектар замин шаш гектараш боки мондааст. Агар 500-600 метр пештар равем об заминро шуста бурда истодааст. Мо шукр мекунем ки талафоти чони нест. Лекин зарари иктисоди бенихоят бисёр аст.

Сел на танхо заминхо ба дехахо даромада хона ва хавлихоро вайрон кардааст. Дар ин хавли Мадамин Мирхакимов зиндаги дорад. Мадамин шуглаш дехкони аст. Аз даромади хосили замини наздихавлигиаш зиндагии ахли оилаашро пеш мебарад. Соли 2014 хам заминаш хамин гуна пур аз гуна махсулот буд. Сел ба хавлии у даромада заминашро аз лойка пур кард.  Хосили заминашро  нобуд сохт.

Обхези - гузориши махсус 47

Обхези - гузориши махсус 49

Обхези - гузориши махсус 50

Дар хамин хавли дар се катор 55 нихоли лимон мавчуд буд. Вакте ки сел ба хавлии мо даромад аз худ 70 см баланд лойка боки гузошт. Нихолхо зери лойка монданд.

Аз чунин холати сохили ин дарё ва тарзи зиндагии сокинони ин деха макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия ва Кумитаи холахои фавкуллода ва мудофиаи граждани бохабар аст.

Умуман садахои харобгашта дар худудхои  сохили дарёхо дар нохияи Восеъ аз чамоати дехоти ба номи Худоёр Рачабов то чамоати дехоти Тугарак, чамоати дехоти ба номи Абди Авазов, чамоати дехоти ба номи Мирали Махмадалиев хеле зиёд хастанд, гуфтан мумкин ташвишовар мебошад.

Обхези - гузориши махсус 46

Обхези - гузориши махсус 48

Нохияи Восеъ байни ду дарё, Ёксу ва Кизилсу чойгир аст. Соли 2017 ум боришоти барфу борон зиёд ба кайд гирифта шуд. Хатари фаромадани сел акнун аз эхтимол дур нест.

Дарёи дигаре ки аз нохияи Восеъ мегузарад, ин Кизилсу аст. Дар ин кисмат онро Сурхоб ном мебаранд. Обаш пур аз гил  буда, рангаш сурх менамояд. Сел аз нохияхои Балчувону Ховалинг аз хамин мавзеъ мегузарад. Соли гузашта садхо гектар заминхои кишоварзии чамоати дехоти ба номи Мирали Махмадалиевро шуста бурд. Сохтмончиёни Мост-отряд 32 дар ин кисмати сохил барои пешгирии сел дамба месозанд. Мувофики лоиха сохтмончиён мачрои дарёро таъгир дода, барои ба замини кишт табдил додани заминхои нав шароит фарохам меоранд.

Китъае ки мо месозем аз 3км иборат аст. То имруз зиёда 2км корхои сохтмониро ба анчом расонидем. Техникахо мерасанд. Сохилро бо плитахо мустахкам мекунем. Як плита 1,5 тонна вазн дорад.

Обхези - гузориши махсус 43

Обхези - гузориши махсус 45

Мувофики пешниходи хукумати нохияи Восеъ ва раиси нохия барои баркарор кардани садахои харобгаштаи нохияи Восеъ ба хукумати Чумхурии Точикистон пешниход шуда буд.

Бо максади пешгирии хатари сел ва шиносои бо рафти корхои сохтмони дар сохили дарёхо рузи 14 март гурухи кории Хукумати Чумхури бо рохбарии сарвазири Чумхури Кохир Расулзода ба минтакаи Кулоб омад. Сарвазири Чумхури дар мавзеъи Хочаи Шом чамоати дехоти ба номи Худоёр Рачабови нохияи Восеъ бо вазъи сохили ин дарё ва корхои сохтмони шинос гардид. Дар ин мавзеъ барои мустахкам намудани сохилхои дарё бо чалби сокинони махали гурухои кори иборат аз 30 нафар ташкил карда шудааст. Онхо 306 адад тахтасангхои охану бетони таёр намудаанд.

Обхези - гузориши махсус 41

Обхези - гузориши махсус 42

Аз руи маълумоти Ситод оид ба холатхои фавкуллода ва мудофиаи граждани дар нохияи Восеъ дар чамоати дехоти ба номи Худоёр Рачабов дар мавзеъи Хочаи Шом бо чалби 16 адад техникахои боркаши камаз ва дулан, эксватору мехлопата шумораи 320 нафар ахоли дар чорабинии хашари умуми чалб карда шуданд. То рузи 14 март 480 адад симтур, 7хазору 200 метри квадрати корхои сохилбандиро  ичро карданд.

Дар оянда,  мо тасмими гирифтем, ки ин одамонро бо маош таъмин менамоем. Агар Хукумати Чумхури масолехи сохтмониро таъмин намояд, дар оянда корхои сохилбанди идома меёбанд.

Обхези - гузориши махсус 37

Обхези - гузориши махсус 38

Обхези - гузориши махсус 40

Аз руи тахлилхои мутахасисон  солхои охир бинобар сабаби таъгирёбии иклим гармшавии хаво мушохида карда  шуда, дар минтакахои кухи ва водихо  фаромадани сел зиёд ба кайд гирифта шудааст. Бо максади огохонидани  сокинон  ва пешгири намудани хатари  сел рузхои 2 ва 3 апрел соли 2017 дар нохияи Восеъ семинар машварат доир гардид. Дар ин  семинар машварат намояндагони Макомотхои давлати ва мудофиаи граждани аз Вилояти мухтори бадахшони кухи, нохияхои минтакаи Кулоб иштирок намуданд. Семинар машварат бо дастгирии ташкилотхои байналмиллали ва чалби коршиносон  гузаронида шуд.

Айни хол хеле мушкил мебошад, дарачаи офати табии ва хам пешгири кардани он. Айни хол  барои дарёфти рохи халли ин мушкилот гузаронидани ана хамин хел мониторингхо  хеле мухим мебошад. Дар асоси чунин мониторингхо дар дасти мо алакай маълумотхои мухим дастарс мегарданд, ки дар асоси он мо маълумоти муаян пайдо карда метавонем. Ва мо муаян карда метавонем ки кадом холат ба амал омада истодааст дар вобастаги ба обхезихо.

Обхези - гузориши махсус 34

Обхези - гузориши махсус 36

Бо истифодаи  окилонаи  расму маълумотхои аз кайхон гирифта шуда имкон дорем ки масъалаи аз кучо коро огоз намуданро хал намоем. Имкон пайдо мекунем ки барои сохтани садахои мухофизати пешгирии шусташавии заминхои корам сари вакт чорахо андешида ва хамчунин хавфи обхезихоро пешгири намоем.

Дар чамоати дехоти ба номи Худоёр Рачабови нохияи Восеъ ин мавзеъ дар шафати дехаи Хочаи Шом рохи асосии селгузар мебошад. Бо максади пешгирии хатари сел барои мустахкам намудани сохили ин дарё, Макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохияи Восеъ  рузхои 28 феврал то рузи  2 март  хашари умуминохияви эълон кард.

Обхези - гузориши махсус 29

Обхези - гузориши махсус 30

Обхези - гузориши махсус 33

Дар ин мархила асосан рафти корхои сохилбанди, тоза кардани чуй ва захбурхо селу селрохахо дар накша гирифта  шудааст.

Дар ин хашар аз хамаи ташкилоту муассисахо, чамоатхои дехот зиёда аз 200 нафар иштирок намуданд.  Аз руи гуфти сокинони деха, то солхои 90уми асри гузашта  сохили ин дарё бо симтур дохилаш пур аз санг баста шуда сохилро мутахкам нигох нигох медошт. Баъди солхои 90 ум  окибати амали худро наандешида, сокинон  сангхои дохили симтурхоро  дар  сохтмони хонахо истифода намуданд. Акнун  хашарчиён  ба ин чо санг кашонда, сохилро аз нав бо симтур мустахкам мекунанд. Санги калон ин чо мавчуд нест. Сангхоро   аз масофаи 18 километр дур  ба ин чо  мекашонанд, ки ин вакти зиёдро мегирад. Ин мошини пур аз бори сангро хашарчиёни чамоати дехоти Тугарак оварданд. То бегох боз имкон доранд ду маротибаи дигар санг биёранд.

Хашарчиён дохили симтурхоро бо санг пур менамоянд. Дах нафар муддати 15 даккика як симтуро пур аз санг менамояд. Дар як руз хашарчиён то 510 метри квадрати сохилро бо симтур мустахкам  намуданд. Ба рафти корхо Ситод оид ба холатхои фавкуллода ва мудофиаи граждини дар нохияи Восеъ назорат мебарад. Корхои анчомдодашударо кайд менамояд. Барои хашарчиён дар ин сохили дарё хамаи шароитхоро мухаё карда шудааст. Хашарчиён бо хуроки гарм таъмин карда мешаванд. Мошинаи ёрии таъчили духтурон омодаи хизмати тибби хастанд.

Обхези - гузориши махсус 25

Обхези - гузориши махсус 27

Бо дастгирии Хукумати чумхурии Точикистон 6 хазор метри квадрати симтур дастрас карда шуд. Симтурхо тарики хашар бо санг пур карда шуданд. Гайр аз ин кайд кардан ба маврид аст, ки бо дастгирии ташкилоти байналмиллалии ОКСФАМ Британияи Кабир ба микдори 350 метр симтур чудо карда шуда датрас гардид. Дар ин мавзеъ хобонида шуданд.

Дар чунин рузхо, сокинони чамоати дехоти ба номи Миралит Махмадалиев барои сохилбандии дарёи Сурхоб ба хашар баромаданд. Дар ин мавзеъ назар ба дехаи Хочаи Шом корхо тезтар сурат мегиранд. Сангро аз масофаи дур не аз худи сангов чамъ мекунанд. Соли гузашта, сел аз ин китъаи дарё гузашта дохили заминхои  кишоварзи гардида чандин гектар заминхои кишоварзиро вайрон кард.

Ин дамбае ки мебинед калонтарин дар дарёи Сурхоб хамин аст.  То дехаи Чукурак ва зардолу бог зарараш мерасад. Хозир ки об нест корхои сохилбандиро карда истодаем. Пешгири карда истодаем.

Обхези - гузориши махсус 22

Обхези - гузориши махсус 23

Бо фарорасии фасли бахор сел хам омад. Дарёи Сурхоб хангоми гузаштани сел ана хамин тавр пур аз об мегардад. Сел ором не, мавчзанон мегузарад. Шамол дорад. хар чи ки аз пешаш ояд шуста мебарад.

Мувофики гуфтахои обу хавошиносон, хамин хел боришот солхои 1969-ум шуда буд. Чунин боришот давоми 50-60 соли охир   ба кайд гирифта шудаги набуд.

Чамоллиддин Беков менечери дафтари тадбики лоиха дар минтакаи Кулоб мебошад. Бо дастгирии лоихахо аз дехаи Тугай чамоати дехоти ба номи Мирали Махмадалиеви нохияи Восеъ то дехаи Заркамар сохили дарёи Сурхоб мустахкам карда шуданд. Ин дамбае ки мо болояш истодаем сохтмончиён онро хамин сол сохтаанд. Сели дар мохи апрел омада баъзе аз китъахои ин дамбаро вайрон сохтааст, ба мисли ана ин китъа.

Обхези - гузориши махсус 18

Обхези - гузориши махсус 20

Дар минтакаи Тугай агар хамин руз мо плитахоро монтаж намекардем об ба дехаи Тугай даромада 60 хочаги, мактаб, 600 гектар заминхои корамро вайрон мекард.

Рузхои аввали мохи апрел дар натичаи боришоти аз меъёр зиёд, сел аз дарёи Ёксу гузашта дар  дехаи ба номи Хасан Курбонови чамоати дехоти Тугарак, линчахое ки хашарчиён дар мохи март дар сохил гузошта буданд, сел онхоро шуста гирифта бурд. Сел як кисми заминхои бобои Амишоро хам шуста ба у зарари иктисоди расонид. То деха акнун наздик мешавад.

Обхези - гузориши махсус 11

Обхези - гузориши махсус 12

Обхези - гузориши махсус 17

Ин кадар мехнат мекунем об омада гирифта мебараш. Ин як навъ. Ба фикрам заминхоро  имсол об шуста мебарад. Ду дехаи дигар Хасан Курбонов ва дехаи Шохбика зери хатар карор дорад. Хар ду деха зиёда аз 800 хочаги дорад. Агар об баланд шавад болои сангов баромада ин дехахоро зер мекунад ва хамин кадар одам бе хона мемонад.

Айни замон шусташавии заминхо дар чамоати дехоти Тугарак дехаи Хасан Курбонов ва дехаи Шохбика шусташавии заминхо мушохида мешаванд. Кайд кардан ба маврид аст, ки агар корхои сохилмустахкамикуни  барвактар огоз мегардиданд,  шусташавии заминхо пешгири карда мешуд. Корхои сохтмони дар мавзеъи дехаи ба номи Хасан Курбонов ва дехаи Шохбика аз тобистон огоз карда мешавад.

Обхези - гузориши махсус 09

Обхези - гузориши махсус 13

Барои пешгирии хатари сел ва зарари он Ситод оид ба холатхои фавкуллода ва мудофиаи граждани дар нохияи Восеъ дар дехотхо радиоузел ва баландгуяк васл менамояд. Тавассути он пагохи  ва бегохи сокинонро бо вазъи хаво шинос менамояд.

Мадамин ба маълумоти таъгирёбии хаво тавачух дорад. Дар гармхонахояш сабзавотхои гуногун парвариш меёбанд. Замини наздихавлигиашро барои кишти сабзавот таёр намудааст. У орзуи онро дорад, ки табиат ба у рахм карда мехнаташро сел вайрон насозад.

229 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *