Сокини кухансолтарини нохияи Фархор, Майрамби Сафарова 109 сола аст. Бахшида ба Рузи модар, аз номи Макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия ба у ва 6 нафар модарони синни аз садсола боло тухфахои идона такдим карда шуд.
Чашнворахои идона бахшида ба Рузи модар дар нохияи Фархор аз чорабинихои гуногун иборат буданд. Бо шукргузори аз давлат, тинчию осудахоли, фаъолзанон собикадорони мехнат дар маркази шахрак назди мучасаммаи Исмоили Сомони гулчамбар гузоштанд.
Мачлиси идона бахшида ба Рузи модар дар толори касри фарханги нохия доир гардид. Дар чамъомади идона аз ташкилоту муассисахо, хочагихои дехкони занон иштирок намуданд.
Раиси нохияи Фархор сокинони нохияро бахшида ба Рузи модар табрик гуфта дар маърузааш кайд намуд, ки дар нохияи Фархор аз шумораи 3967 хочагихои дехкони 271 тоашро занон рохбари мекунанд. Онхо дар раванди фаъолияти мехнатиашон исбот намудаанд. ки аз ухдаи рохбари баромада метавонанд.
Сохаи кишоварзии нохия пахтакори, зироаткори ва чорводори мебошад. Дар самти афзун намудани истехсоли махсулоти сохаи кишоварзи сахми бонувон хеле калон аст. Сахми модарон оиди рафти ичрои конуни Чумхурии Точикистон дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхо ва конуни Чумхурии Точикистон дар бораи масъулияти волидон дар таълим ва тарбияи фарзандон калон аст.
Онхо ба масъалаи танзим, сарфаю сариштакори дар раванди гузаронидани хамаи маъракахо, инчунин масъулияти волидон дар тарбияи фарзандон корхои зиёдеро ба анчом расонидаанд. Чорабинии идона бахшида ба Рузи модар дар нохияи Фархор бо барномаи идонаи консерти чаъбаст гардид.