Химояи ватан рисолати чавонон аст. Тахти хамин унвон, бо икдоми кумитаи ичроияи хизби халки демократии Точикистон дар нохияи Восеъ.дар касри фарханги ба номи Мирали Махмадалиев бо иштироки чавонон, нафарони сину соли даъвати, хамоиш доир гардид. Ин чорабинии хизби дар арафаи даъвати чавонписарон ба сафи куввахои мусалахи Чумхурии Точикистон, бо максади ичрои карзи шахрванди, адои хизмати харби бахшида шуда, чавононро ба дуст доштани ватан, химояи марзу бум, гиромидошти арзишхои фарханги милливу умумибашари даъват кард.
Дар ин хамоиш, намояндагони шуъбаи маориф, бахши чавонон ва варзиш, собикадорони мехнат ихиёриён, баромад намуда. кайд намудаанд,ки имрузхо дар сафи куввахои мусалах чавонони бонангу номус, содикона хизмат намуда, истодаанд. Хукумати Точикистон ташабусу пешниходхои созандаи чавононро хамеша дастгири намуда, барои амали гардидани онхо имконият фарохам меорад.Моро зарур аст,ки чавобан ба ин гамхорихо тамоми саъю талоши хешро бахри ободии диёрамон сарф намоем. То огози маъракаи даъвати чавонписарон ба сафи куввахои мусалахи Чумхурии Точикистон, хамин гуна чорабинихо дар дигар чамоатхои дехоти нохия доир мегарданд.
Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров