Ин мурочиати зани мухочири точик, ки дар давлати Арабистони Сауди аз вазъияти ногувори худ шикоят дошту, барои баргаштан ба Точикистон кумак мепурсид, тарики шабакахои ичтимои уро бисёрихо диданд. Баъди мурочиат Нурби бо кумаки нафаре аз хамватанонаш имкон пайдо кард, ки ба Точикистон баргардад. Нурби мегуяд, ки у ба воситаи Чамъияти дорои масъулиташ махдуди «Имкон-2015» ба хоричи кишвар сафар кардааст. Дар хусуси сафар ба хоричи кишвар Нурби аз макомотхои давлати маслихат напурсидааст.
Дар шуъбаи кор бо занон ва оилаи Макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохияи Восеъ, оиди мухочирати Нурби ба хоричи кишвар хабар надоштанд. Дар ин шуъба итилоъ доданд, ки мубориза бар зидди тероризм ва экстермизм яке аз самтхои фаъолияти онхо мебошад. Дар вазъияте, ки дар хоричи кишвар Нурби карор дошт, аз ноилочи ба доми гурухои терористи афтиданаш аз эхтимол дур набуд. Гурухои ифроти, роху воситахои гуногунро истифода намуда, занону духтаронро гумрох карда ба доми худ меафтонанд.
Солхои охир, тероризм ва экстремизм ба вабои аср, табдил ёфта, дар катори мардон занон ва духтарон хам ба доми ин бало меафтанд. Дар пайгири ба ин мавзуъ, мо ба донишгохи давлатии Кулоб омадем. Бо Садриддин Негматов муаллими калони кафедраи сиёсатшиноси факултаи таърих ва хукуки Донишгохи давлатии Кулоб сухбат доштем. Вазъи минтакаро омухта, коршиносон ба он назар хастанд, ки оиди тероризм ва экстремизм сокинон маълумоти кофи надоранд. Барои пешгирии ин зухуроти номатлуб, бояд, ки мардум огохонида шаванд.
Дах сол пеш дар бораи тероризм ва экстремизм Нурби маълумот надошт. У тасаввур хам намекард, ки чи сарнавиште дар пеш уро интизор аст. Ин наворхо пеш аз мухочирати Нурби ба Арабистони Сауди сабт шудаанд. Модари 24 фарзанд, Нурби Мансурова ана хамин тавр чехрааш кушода буду гесувони дароз хуснашро зеботар мегардонид. У хамин хел занни зебо буд. Мушкилоте ки дур аз ватан дар хоричи кишвар ба сари у омад, уро хаставу бемадор намуд. Нурби Мансурова, баъди бозгашт аз хоричи кишвар ба чои истикоматиаш шахраки Хулбук нохияи Восеъ, гашта омада хамрохи ахли оилааш зиндаги дорад.