home Коронавирус: Овозаҳо ва ҳақиқат Амнияти озукавори дар Хатлон. Коноравирус-Овоза ва хакикат № 12.

Амнияти озукавори дар Хатлон. Коноравирус-Овоза ва хакикат № 12.

Дар дехаи Лархоби чамоати дехоти  Тугарак нохияи Восеъ,  ин бино сардхона аст.  Ин чо намудхои гуногуни махсулотхои мевачот, себу, анор ва дигар мевагихо     захира  карда шуда,барои  давраи зимистонгузарони  нигох дошта шуданд.  Навруз Миралиев бо максади таъмини  намудани бозори дохили  бо  ин намуди махсулотхо  ин сардхонаро сохтааст. Ташкили   сардхонахо, на танхо  дар   нохияи Восеъ, дар   вилояти Хатлон  имсол  шумораашон зиёд  ба кайд гирифта шуданд.   Мутахасисон  мегуянд, ки  дар вазъияти коронавирус  ташкили сардхонахо  дар ин вилоят яке аз рохое мебошад, ки  амнияти озукавории ахолиро  таъмин месозад.  Дар хочагии дехконии «Фируз»,  ки сарпарасти он Навруз Миралиев мебошад,  мохи октябр   махсулотхои зиёди гизои  парвариш карда шудаанд.     Ин  гулкарам аст.  Дехконон   мохият  ва  дар бозор  серталаб будани  ин  намуди махсулотро  ба назар гирифта,  имсол  маротибаи аввал  ба парвариши ин намуди махсулот шуруъ карданд. Аз кишти гулкарам  ноумед нашуданд.  Нимаи аввали мохи октябр, тирамох  мавсими чамъоварии хосили гулкарам  аст.  Як руз пеш  садхо килограм махсулоти ин замин  чамъовари шуда ба бозор бароварда шудааст.  Чамъоварии хосил то мохи декабр идома меёбад.

Навруз Миралиев, рохбари ташкилоти чаъиятии «Дурандеш» аст. Ин чамъият дар дехаи Лархобии чамоати дехоти Тугарак нохияи Восеъ фаъолият бурда, дар  самти паст кардани сатхи камбизоатии ахолии дехот  бо чалби сокинон ба  истифодаи замин  фаъолият мебарад. Бо хамин рох амаки Навруз дар гани гардонидани махсулоти озукавори  мувафак шудааст. Оиди  таъмини амнияти озуквори дар вилояти Хатлон  бо максади ошнои бо вазъи минтака ба чанд нохияхо сафар кардем. Дар нохияи ба номи Шамсиддин Шохин   вазъи хосили имсолаи галларо фахмидем.  Алимад Мирзоев яке аз сокоинони  ин  нохия аст.У мегуяд, ки имсол  хосили галла фаровон аст. Аз нохияи ба номи шамсиддин Шохин ба нохияи Муминобод омадем. Дар ин нохия яке аз калонтарин  фабрикахои парандапарвари фаъолият дорад.Аз хамин корхона шахру нохияхои на танхо вилояти Хатлон хамчунин шахрхои Душанбе ва нохияхои тобеъи чумхури бо гушти пархези таъмин карда мешаванд. Яке аз рохои дигари таъмини бозори дохили бо махсулоти озукавори ин истифода аз гармхонахо мебошад. Дар нохияи Восеъ, аз ин тачриба окилона истифода мебаранд. Ин гармхона дар хочагии дехконии ба номи Муродали Азизов  мавчуд мебошад. Мохи октябр  ин чо  махсулотхои сабзавоти  помидору бодиринг парвариш ёфта, махсулот мохи ноябр ва декабр ба бозор бароварда мешавад.   Вилояти Хатлон  минтакаи агарари мебошад. Навруз Миралиев андеша дорад, ки  замин ин боигари  ва шиками сери  мардум аст.  Дар  пахлуи У садхо хочагихои дехкони фаъолият менамоянд. Таъмини амнияти озуквори ин ба истифодаи самараноки  замин вобастаги дорад, мегуяд амаки Навруз.

 

 

 

 

214 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *