home Коронавирус: Овозаҳо ва ҳақиқат «Ман шифо ёфтам!» Коронавирус Овоза ва хакикат № 7

«Ман шифо ёфтам!» Коронавирус Овоза ва хакикат № 7

Амаки Гулмурод, аз бемории ковид-19 шифо ёфт. Ин  бемориашро, У  муддати якчанд  руз  дар хона ва сипас дар беморхона  табобат кард. Нафаре, ки аз ин бемори  дар холи вазнин карор дошту умедашро  аз зиндаги канда буд,   сихат шуд. Гулмурод нафакахур аст. У мегуяд, ки риоя накардани  коидаи пешгирии ковид-19  уро ба ин бемори гирифтор кардааст. Назди  амаки Гулмурод, моро хамшираи тибби   Намоён Каримова  овард. Намоён мегуяд, ки  монанди  Гулмурод, У бисёр нафарони гирифтори  бемории  ковид-19 ро сузандорухояшонро  гузаронидааст.  Койдахои пешгирии бемориро  риоя мекунад, барои хамин ба ин бемори гирифтор нашудааст. Дар маркази саломатии дехаи Сулхобод, ки чамоати дехоти Тугарак нохияи Восеъ, яке аз калонтарин марказхои саломати, аст,  аз сиву шаш нафар духтурон се нафар гирифтори бемории ковид-19 шуданд. Сардухтури маркази саломати, хам мубталои ин бемори гардид. Дар маркази саломати  ба мо картахои  гирифторони бемории ковид-19  ро нишон доданд.

Тибки итилоъи рохбарияти ин марказ духтурон ба ин гуна одамон сари вакт хизмати тибби мерасонанд. Аз дехаи Сулхобод ба дехаи Тугарак омадем. Дар ин хавли се нафар гирифторони ковид-19 ба кайд гирифта шудаанд. Мирзо Турдиев яке аз онхо аст. Дар бораи таърихи бемори ва  аз ин бемори  сихатёбиаш  У накл кард. Дар ин деха, монанди Мирзо,  гирифторони бемории ковид-19, зери  назорати духтурони маркази саломатии дехоти карор доранд.  Кисми зиёди нафарони гирифтори бемории ковид-19 духтурон мебошанд. Сафарали Мирзоев, директори маркази зидди беморихои сил дар нохияи Восеъ, ба ин бемори гирифтор шуда, табобат  кардааст. Бо ин ташхис хамаруза бисёр одамон назди духтурон мурочиат мекунанд. Назди Сайдали Шарифов, ин одамон  аз як хона  аз дехаи Мехробод чамоати дехоти Гулистон  бо нишонахои хамин бемори омаданд. Духтур ба онхо маслихат додааст, ки аз хамин чо рафта дар хонаи алохида  аз атрофиён чудо худро як муддати муаян дар карантин нигох дошта ба таботат  машгул гарданд. Бо хамин ташхис хамаруза бисёр беморон назди Сайдали мурочиат менамоянд. У худ гирифтори ин бемори шуда, баъди табобати 15 руза шифо ёфт. Амаки  Гулмурод, аз ковид-19 шифо ёфт. У ба дигарон маслихат медихад, ки койдахои  пешгири   аз ковид-19 ро  риоя намоянд. Дар сурати пайдо шудани нишонахои ковид-19 хатман ба духтури минтакави мурочиат кунанд. Натарсанд, мисли У шифо меёбанд.

 

 

315 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *