home Оилаи солим — Чомеаи солим Писарбача начот ёфт. Танзими оила. «Оилаи солим – Чомеаи солим» № 2

Писарбача начот ёфт. Танзими оила. «Оилаи солим – Чомеаи солим» № 2

Зулфия Авгонова  сохиби се духтар ва ин писарбача  мебошад. У дар дехаи Сулхободи  боло чамоати дехоти  Тугарак нохияи Восеъ зиндаги дорад.  Дехаи онхо навбунёд буда аз 40 хочаги иборат аст.  Зулфия мегуяд, ки дар шароити  дехаи онхо  солим  нигох доштани    фарзандон   кори мушкил аст. Аз бунёд гаштани ин  мавзеъи истикомати   дах сол сипари гашта бошад, хам  то хол  деха мактаб, богча ясли ва бунгохи тибби надорад.  Чунин шароит   барои  кудакон   ва  занон, махсусан  барои  занони хомила мушкилихо пеш  овардааст.     Ин писарбача, якчанд даккика пеш  ба ин олам омад.   Дар батни модараш  дар холати ванин карор дошт. Агар духтурон  ба чорахои фаври  даст намезаданд, писарак ин дунёро надида  фавти у  аз эхтимол дур набуд, гуфтанд, духтурон.  Танхо баъди   чарохи,    писаракро    аз батни модар сихату саломат  гирифтанд. Дар шуъбаи таваллудхонаи  беморхонаи марказии  нохияи Восеъ,  чунин  холат  кариб, ки хамаруза  рух медихад. Сабаби  ин риоя нагардидани  танзими оила,  коидахои  репродуктиви  аз чониби модарон мебошад. Ин вазъият табибонро ба ташвиш овардааст.  Танзими оила, солимии репродуктиви  риоя намудани  он  яке аз мавзуъхои мухими руз гаштааст, мегуянд духтурон.   Тибки маълумоти  духтурони шуъбаи таваллудхона,  мутаасифона  аксарияти занон  давраи репродуктивии  таваллудро риоя намекунанд.        Танзими оила чи аст.  Оиди ин  мавзуъ  ба духтури мутахассис  мурочиат намудем.

Шахноза Аъзамова дар муассисаи давлатии кумаки аввалияи тибби санитари  дар ин самт кор мекунад. Оиди танзими оила, солимии репродуктиви  табибон  аз руи  барномаи  муаян  фаъолият мебаранд. Тибки  итилоъи Шахноза онхо оиди   мавзуъи танзими оила, риояи  фосилаи  байни таваллуд бо занони хомила корхои таргиботи мебаранд. Бо вучуди  кушишхои  онхо  бисёр заноне хастанд, ки ин койдахоро риоя намекунанд. Сабабхои он гуногун хастанд.  Оиди  солимии репродуктиви, танзими оила  аз марказхои саломати ва бунгохои тибби, ки дар дехотхо  фаъолият доранд,    маълумот пайдо намудан имконият дорад. Дар ин хусус  духтурони  ин марказхо  дар  дехотхо байни занон корхои фахмондадихи  мебаранд.  Ба яке аз марказъхои саломати омадем. Дар маркази саломатии дехаи ба номи Саъдуллои Шариф чамоати дехоти Гулистон хучраи махсуси солимии репродуктиви мавчуд мебошад. Маводхои пешгирии хомиладори, маводхои таргиботи оиди ин мавзуъ мухаё карда шуданд. Дар ин  маркази саломатии дехоти  занхои кобили зоиш 52 нафар ба кайд гирифта шудаанд. Як нафар зани хомила Одинаева Салима 50 сола   вазнаш 125 килограм  дар таваллудхонаи шахри Кулоб дар холати вазнин  таваллуд кард. Дар таваллудхонаи шахри Кулоб мо бо у хамсухбат шудем, аммо  барои сабт розиги надод. Табибон тавсия медиханд, ки  солимии репродуктиви омили асосии  танзими оила  буда, бояд,  риоя карда шавад. Зеро  танзими оила, ин  модари солим, кудаки солим,  чомеъаи солимро асос мегузорад. Зулфия ва хамдехагонаш аз дехаи Сулхободи боло умед доранд, ин вазъияти онхоро ба инобат гирифта, дехаи онхо  сохиби бунгохи тибби  гашта, ин мушкилоти онхо хал мегардад.

 

 

140 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *