home Оилаи солим — Чомеаи солим Видео: Дин ва оила. Оилаи солим — Чомеаи солим № 5

Видео: Дин ва оила. Оилаи солим — Чомеаи солим № 5

Ин масчиди чомеъ, дар чамоати дехоти ба номи Рудаки, вокеъ буда  яке аз калонтарин  масчидхои  нохияи Восеъ  аст. Ин марди нурони, сархатиби  хамин масчид, Абдугаффор ном дорад.  У  35 сола  аст. Оиладор, сохиби чор нафар фарзанд мебошад.        Дар тарбияи ахлокии чомеъа  оила  мавкеъи мухим дорад. Дар масчид,  мо бо Абдугаффор атрофи  ин  мавзуъи  мубрами руз,    оиди муносибати «дин ва оила» сухбат намудем. Ба саволи  танзими оила аз нигохи ислом У чунин чавоб дод.  Хомиладории бе накша, искоти хамл,  назари  ислом ба ин чи гуна аст? Ин саволе мебошад, ки  бисёрихо  инро фамидан  мехоханд. Сухбатро идома дода, аз сахни хавлии масчид  гузар менамоем. Рахорах манзарахои  зеборо дида аз гулу зебоии шафати рохрави масчид,  чашми бинанда  об мехурад.  Ислом  зебоиро мепарастад, мегуяд, Абдугаффор, оила хам бояд солим бошад.

Манзили истикоматии Абдугаффор дар дехаи хамсоя, дехаи Кайнар вокеъ мебошад. Аз ин масчид, кариб 8 километр дур вокеъ аст. Домулло бо волидонаш умр ба сар мебарад. Дар хона уро интизоранд. Уро фарзандонаш истикбол мегиранд. Оиша, Сайдахмад, Хатича  се духтар ва як писар барои падар хамаашон баробар хастанд, мегуяд, падар. Абдугаффор барои тахсили фарзандон хамаи шароитхоро мухаё кардааст.Оиша дар синфи сеюм тахсил дорад.  У кушиш менамояд, ки фарзандонаш  хар чи бештар савод омузанд. Абдугаффор аз оддатхои бад пархез аст.  У чонибдори тарзи хаёти солим аст. Варзиш, доимо уро сихату саломат нигох медорад. Падари Абдугаффор хочи Убайдулло аст. У хашт нафар фарзандро  тарбия намуда ба камол расонидааст.  Мисли Абдугаффор хамаашон  манфиаташон ба чомеъа мерасад.  Абдугаффор    аз  падар хамин тавр тарбия гирифтааст.    Абдугаффор, ходими дин хам бошад, ба кадри обу замин  мерасад. Барои ризку рузии оила  мехнат мекунад. Аз  китъаи замини наздихавлигии манзили истикоматиаш се хосил мегирад. Абдугаффор, хамин тавр фарзадонашро дар хамин рухия тарбия менамояд.

 

 

 

196 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *