home Руйдодхо Видео: Истифодаи окилонаи замин — Восеъ

Видео: Истифодаи окилонаи замин — Восеъ

Дар  чамоати  дехоти ба номи Мирзоали Вайсов дар дехаи Кадучи, ин замин, дар шафати дарёи Сурхоб  мебошад. Офати табии, селу обхезихо, заминро пур аз санг гардонида, солиёни зиёд, он дуруст  истифода намешуд. Бо захмати ахли оилаи Тавкаловхо  дар ин заминхои аз мадди назар дурмонда,   хочагии дехконии ба номи   «Айниддини Ханон» ташкил гардида,  сангов   аз нав ба замини кишт табдил дода шуд. Дар натичаи захмати дехконон  замин аз санг тоза  гардид. Чои сангхоро ин  махсулоти ниёзи мардум  гирифт. Аз масохати 8 гектар замине, ки  хочаги, истифода мебарад,  дар 1.5 гектари он пиёз дар арафаи чамъовари карор дорад. Сахмдори хочаги, Сайрахмон  Тавакалов, кишти пиёзро бо маслихати мутахасисон  гузаронида, бо бовари мегуяд, ки  дар мохи май  аз хамин замин, зиёда аз 70 тонна  пиёзи хушсифат  чамъ оварда, бозори нохияро бо ин  намуди  махсулот ганитар  мегардонад.

Масохати  зиёда аз ду гектар  замини аз санг тозакардаи  ин хочаги  барои галладонагихо чудо карда шудааст. Аз руи мушохида  ва тахлили мутахасисон   нашъунамои  галла дар холи хуб карор дошта, хушахои  гандум серу пур хастанд. Соли  гузашта баъди чамъоварии хосили галла, дар хамин замин, хочагидорон  дар кишти такрори  пахта кишт карда хосили хуб ба даст оварданд.  Максад доранд, ки  имсол хам заминро самаранок  истифода намуда, дар кишти такрори  пахта кишт намоянд. Ахли захмати хочагии дехконии ба номи «Айниддини Ханон» максад доранд, ки  охирхои мохи май   бо махсулотхои полези, харбуза ва тарбуз, дастархони сокинони нохияро аз витаминхо бой   гани гардонанд. Бахшида ба чашни 30 солагии  Истиклолияти  давлатии Чумхурии Точикистон, аз даромади хосили замин, хочагидорон дар самти  ободии махал сахми арзанда гузошта истодаанд. Бо икдоми онхо масохати се километр симтурхои чубини аз истифодабаромада бо сутунхои охану бетони иваз карда шуда, кучахои махалаи шафати  сангов чарогон карда мешаванд. Корхои сохтмони дар ин самт  идома доранд.

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

123 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *