home Без рубрики, Оилаи солим — Чомеаи солим Видео: Кудакони ятим. «Оилаи солим — Чомеаи солим» № 3

Видео: Кудакони ятим. «Оилаи солим — Чомеаи солим» № 3

Саддам  Курбонов ятими кулл буда,  тарбиягирандаи  мактаб интернати  №1 дехаи Арал чамоати дехоти ба номи Мирали Махмадалиев   нохияи Восеъ  аст.  Футбол бозии дустдоштааш   мебошад.  Вактхои  берун аз машгулиятхои  дарси   ба ин бози   машгул мешавад. Ба обутоби бадан хамеша  диккат медихад. У хуб медонад, ки   шугли дар оянда интихоб  намудааш  аз солимии  чисмонии  У   вобастагии калон дорад. Дар ин мактаб интернат хамрохи Саддам 138 нафар кудакони хамтакдири У аз шахру нохияхои  минтакаи Кулоб  ба тахсил фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 18 нафар  духтарон  мебошанд.  Машгулиятхои дарси аз руи  барномаи таълими  ба рох монда шудааст. Барои аз худ намудани он кудакон душвори надоранд. Мушкилоти онхо  дар холати равониашон  дида мешавад, мегуянд муаллимон. Дар мактаб интернат, дар катори дигар  фаннхо, омузиши технологияи итилооти ба рох монда шудааст.  Мутаасифона, дар синфхона,  компютерхо  кор намекунанд. Хамаашон таъмирталаб  мебошанд.  Хонандагон, танхо  ба таври  назарияви маълумот  мегиранд, ки бо  компютер чи корхоро анчом додан мумкин аст.   Дар ин чо имконият хамин кадар аст. Кудакон ба ин каноат карданд.  Хаёт дар мактаб интернат, навозиши муаллимон,  мехру мухаббати онхо   чои   падар ва модаро  иваз карда наметавонад, андеша доранд кудакони интернат.

Машгулиятхо дар мактаб интернат дар ду баст ба рох монда шудааст.   Вакти хуроки нисфирузи соати як  муккарар гардидааст.Соати дахи пагохирузи,  дар ошхонаи мактаб интернат, ошпаз   машгули  тайёр  намудани  таоми  нисфирузи мебошад. Баъди нахории соати шашу си даккикаи пагохирузи    ин нисфирузи кудаконро,  гарохпиёба,   интизор аст. Гушт надорад.   Муаллимон гуфтаанд, ки  кудакон  инро  таоми  бехтарини мешуморанд.   Хуроки нисфирузи  аз   як таом  ва чой  иборат  мебошад.  Тавре огох шудем, дар  самти таъмини кудакон бо гизои дуруст  мактаб интернати дехаи Арал ба кумакхои хайрхохона ниёз дорад. Чои истирохату дамгирии кудакони  мактаб интернат  хобгох  мебошад.  Хобгох аз як ошёна иборат буда, аз таъмири капитали  бароварда шудааст. Шароитхои хуб дорад.  Дар ин хучра  Саддам хамрохи  хамсабаконаш чор нафар зиндаги мекунанд.  Вобаста ба вазъи ичтимои  ин кудакон   аз чониби давлат  дастгири карда мешаванд. Идораи васояти парастори дар нохияи Восеъ, ба ин кор машгул мебошад.  Тибки хуччати  тасдиккардаи  идораи васояти парастори  кудакони ятим дар шуъбаи  агентии давлатии  сугуртаи  ичтимои ва нафака ба кайд гирифта шуда, ба имтиёзхо таъмин карда мешаванд. Дар  мактаб интернат,  кудакон  рузхои идро бесаброна  интизор мешаванд. Махсусан иди соли навиро. Дар иди соли нави 2019 бо дастгирии сохибкорон  ба онхо тухфахои зиёди идона тухфа карда  шуданд. Нисфирузи хуроки идона доданд. Чунин рузхоро кудакон фаромуш намекунанд. Саддам максад дорад, ки баъди  анчоми  мактаб интернат, тахсилро идома дихад. Дар  оянда  шахсе  шуда  ба камол расад, ки манфиаташ ба давлату чомеъа расад. Оилаи солим  ташкил намуда, фарзандонаш хушбахт бошанд.

 

 

 

 

109 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *