home Оилаи солим — Чомеаи солим Видео: Оила, хукук ва ухдадории он. «Оилаи солим — Чомеаи солим» № 7

Видео: Оила, хукук ва ухдадории он. «Оилаи солим — Чомеаи солим» № 7

Ин наворхо аз туи хонадоршавии Каххор ва ирода мебошанд.  Каххор шахрванди  Точикистон  ва Ирода аз Узбекистон   онхо дар   донишгохи  технологии  шахри Санк Петербург федерастсияи  Россия тахсил доранд.  Баъди шиносои,  онхо гуфтанд, ки  хамдигаро мисли Лайли ва Мачнун  нагз диданд. Ишку мухабати самими онхоро ба кароре  овард, ки  оила барпо намоянд. Ба ин карори  чавонон   волидон  монеъ нашуданд. Аз хар ду чониб   бо  хурсанди  кабул карданд.  Туи арусу домодии  Каххор ва Ирода  барпо гардид.  Ин маросим аввал дар Узбекистон бо риояи расму анъанаи Хоразмиён  гузашт.    Сипас, навхонадорон  ба Точикистон омада,  дар хавлии Каххор  хам бо риояи анъанахои миллии точикона маросими   туи арусу домодиро  идома доданд.        Навхонадорон  як руз пеш дар бахши  сабти асноди холати шахрвандии нохияи Восеъ, акди никох бастанд. Ин чо   итилоъ доданд, ки  пояи  мустахками ва хушбахтии   оила, ин  мехру мухаббати зану шавхар  ва этироми  хукукхои  хамдигар мебошад.

Дар Точикистон  оила мукадас шуморида шуда, хамасола  15 май,   хамчун рузи оила чашн гирифта мешавад. Дар ин руз  бо иштироки оилахои намунави  чорабинихо  баргузор карда мешаванд.  Оилаи солим,  ин  баробархукукии зану мард, тарбияи фарзандони солим   эътироф гардида, хаёти  ин гуна оилахо миёни ахоли  хамчун оилаи намунаи ибрат,   таргиб карда мешавад.  Мисоли ин оила. Дар махалаи ба Сино, махалае, ки  Каххор  ва Ирода туи хонадоршавиашонро гузарониданд, хамсояи онхо Амирбек  ва  Оймо,    худро оилаи   хушбахт хисоб мекунанд. Соли  2020 ба хаёти ин оила,   кариб ним аср пур мешавад. Онхо    бо розигии  хамдигар ва дуои волидон,   оила ташкил карда,  45 сол боз зиндаги доранд.   Аз он давра  дахсолахо  гузаштанд, лекин  хотирахои нек,  фаромуш нашудаанд. Амирбек ва Оймо  хайти оилавиашонро  бо маслихати хамдигар  пеш бурданд. Фарзандони солим ба дунё оварданд.  Имруз онхо дар хар кучо бошанд, хам ба ёди волидонашон хастанд. Бобо ва биби дар ихотаи наберахо худро хушбахт мешуморанд. Дар махалла Амирбек вазифаи мухими чамъиятиро ба душ  дорад. У раиси кумитаи махалла аст. Солхои охир, нофахмихо байни навхонадорон ва  чудошавии оилахои чавон уро ба ташвиш овардааст. Пойдории оила на танхо вазифаи чомеъа хамчунин яке аз масъулиятхои бахши сабти асноди холати шахрванди мебошад. Сабабхои вайроншавии оилахо  хамасола аз чониби ин бахш омухта шуда, тахлилу бараси мегардад. Каххор ва Ирода ахд кардаанд, ки мисли Амирбек ва оймо оилаи хушбахт бошанд. Бо хамин ният барои идомаи тахсил онхо ба федератсияи Россия рафтанд. Амирбек ва Оймо хамеша дуогуи онхо хастанд.

 

 

 

194 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *