home Руйдодхо Хамоиш: Вохури бо адиб

Хамоиш: Вохури бо адиб

Мутолиаи китоб, баланд бардоштани  сатхи маънавиёти ахоли, шинохти дурусти  таърих, таргиби мероси маънави ва сунату  оинхои мардуми, ташвики  сахифахои  дурахшони  таърихи  халки точик, кахрамониву диловарии  гузаштагони худ, хамчун гояи  ватандустиву садокат ба Ватан ин  мавзуъхое буданд, ки  дар  хамоиши Кумитаи ичроияи Харакати  вахдати милли  ва эхёи  Точикистон  дар мавзуъи  «Арчгузори  ба мукаддасоти  милли-эхтиром  ба Ватан аст»   дар нохияи Восеъ ба сахми  иштирокчиёни чорабини расонида шуд.  Хамоишро бо сухани мукадимави  раиси нохия огоз бахшид.

Сипас раиси  Кумитаи  ичроияи  Харакати  вахдати милли ва эхёи Точикистон  Рудобаи  Мукаррам дар баромади худ, оиди дастовардхои   си соли истиклоли давлатии   Точикистон  баромад намуда, кайд намуданд, ки   шароити чахонишави ва рушди технологияхои  иттилооти,    барои пешгирии  воридшавии  унсурхои бегона  ба фарханги милли, ру овардан ба таърих ва огох будан аз наслу насаби хеш барои хар як фарди  миллат, хусусан насли наврасу  чавон зарур  ва хатми мебошад. Мо  ки будани ачдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онхо арч гузорем. Дар ин хамоиш,хамчунин  раиси кумитаи кор бо чавонон ва варзиш  назди Хукумати Чумхурии Точикистон  ва раиси Иттифоки журналистони Точикистон,  иштирок доштанд  ва  баромад намуданд.

 

 

Гузориши Хоча Назриев,Худойназар Зухуров

105 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *