home Руйдодхо Бахшида ба Рузи Президент

Бахшида ба Рузи Президент

Бахшида ба рузи Президенти  Чумхурии  Точикистон  ва 29  умин солгарди  Ичлосияи  16 уми такдирсози, Шурои Олии Чумхурии Точикистон  дар катори дигар шахру нохияхои кишвар дар  нохияи Восеъ  чамъомади  тантанави  доир гардид.  Ин чорабини  бо намоиши китобхои  Президенти  Чумхурии Точикистон, мухтарам  Эмомали Рахмон огоз ёфт.  Ба муносибати  ин  ду санаи фархунда  дар  чорабинии  идона,  раиси нохияи Восеъ,  дар маърузаи идона, сокинони нохияро табрик намуда,   кайд намуданд,  замоне, ки фарзанди номдори халк Эмомали Рахмон, мохи ноябри соли 1992 юм,  бори аввал ба вазифаи   рохбари давлат интихоб гардид, Точикистони  тозаистиклол рузхои дахшатборо  ба сар мебурд. Чангу низохои хунин боиси хисороти зиёди моливу чони гардида, ба якпорчагии мамлакат ва хастии давлат тахдид мекард. Асосгузори сулху  вахдати милли-Пешвои Миллат Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам,  Эмомали Рахмон  бо тадбирхои хирадмандона ва матонату  часорат кишваро аз вартаи фалокат  ва халокат  берун овард. Мардуми парешонро сарчамъ намуд. Дар чорабинии  идона,  бахшида ба Рузи Президенти Чумхурии Точикистон, хамчунин   рохбари  бахши сабти асноди   холати шахрванди Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон, дар нохияи Восеъ, муаллими  муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №10, аз маркази нохия, баромад  намуда, кайд краданд, ки   махз дар хамин ичлосия як силсила таъгиру иловахо ба конститутсияи  амалкунандаи Точикистон ворид карда шуданд , ки аз як  тараф мутобик ба талаботи замони нав буда, аз чониби  дигар,  барои тахияи лоихаи конститутсияи нави Точикистон замина гузошт.

Мухимтарин комёбиву дастовардхои кишвар натичаи мехнати фидокоронаи халки точикистон ва икдомхои кахрамононаи  Асосгузори сулху вахдати милли, _Пешвои миллат, Президенти чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон мебошад. Подоши ин хама корнамоихо махбубият ва маъруфиятест, ки Асосгузори сулху вахдати милли-Пешвои Миллат Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон миёни  мардуми кишвар ва хазорон хамватанони бурунмарзи пайдо кардааст. Дар кисмати фархангии чорабини  кормандони бахши фарханги нохия бо барномаи идонаи консерти  баромад карданд.

 

Гузориши Хоча Назриев,Худойназар Зухуров

105 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *