home Руйдодхо Чамъомади тантанави

Чамъомади тантанави

Дар нохияи Восеъ,  чамъомади тантанави бахшида ба  чашни   си солагии  Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон, аз намоиши хунархои мардуми огоз гардид.  Махсули  хунархои  дастии хунармандони нохия,   махсулотхои  хунарманди, гулдузию чакандузи  ва либосхои дигари  милли, таому хуришхои  милли, ки бисёре аз инхо  дар даврони сохибистиклолии кишвар  аз нав эхё гардидаанд, аз чониби чамоатхои дехот ба намоиш гузошта шудаанд.

Дар кисмати расмии чорабини бахшида ба чашни си солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон, бо иштироки  намояндаи Хукумати Точикистон, Вазири молияи Точикистон  ва хузури  фаъолони нохия, собикадорони мехнат, намояндагони касбу кори  гуногун,  раиси нохияи Восеъ, аз дастовардхои  нохия, маъруза кард. Сипас, намояндаи  Хукумати Чумхурии Точикистон, Вазири молияи Точикистон  аз номи Пешвои Миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам  Эмомали Рахмон  сокинони нохияи Восеъро бахшида ба чашни  бузурги  миллат, си солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон  табрик намуданд. Намояндаи Хукумати мамлакат, кайд намуданд, ки  си сол, назди таърих ин давраи на чандон  калон аст. Дар ин муддат халки точик бо сарварии  фарзанди фарзонаи миллат,  Пешвои Миллат, Президенти Чумхурии Точикистон Мухтарам Эмомали  Рахмон,   давлати навини сохибистиклоли Точикистонро бунёд намуданд.  Сипас, дар мухити, идона, аз номи  Макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилоят ва макомоти  ичроияи хокимияти давлатии нохия  ба фаъолони нохия, сипоснома ва ифтихорномахо такдим карда шуданд.

 

 

 

42 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *