home Руйдодхо Фуруги субхи донои китоб — Восеъ

Фуруги субхи донои китоб — Восеъ

Ин нишонхои сарисинагии Рачаб  Гафаров,  аълочии  маорифи Точикистон ва дигар «нишони сухан»-ро  Рачаб Гафоров дар иштирок дар Озмуни Чумхурияви  «Фуруги субхи донои китоб аст»соли гузашта ва имсол  сохиб гардид.   Баъди бозгашт аз шахри Душанбе, таасуротхояшро дар муассисаи  тахсилоти миёнаи умумии №13 нохияи Восеъ, ки ин чо омузгори фанни забон ва адабиёт мебошад, ба шогирдон, аъзоёни махфили навкаламон накл мекунад.  Дар озмун муаллими Рачаб  дар номенатсияи шоири ширкат варзида, сазовори чои ифтихори гардидааст. Рачаб Гафороф, муаллифи  7 мачмааи шеърхо мебошад. Навиштахояш зери унвони «Субхи розхо»,Садои дил», «Мавчи зухал»мавзуъхои ватан, модар ва табиатро дар бар мегирад. Калонтарин достони навиштаи У «Модар- табиат ном дошта, зиёда аз 10 хазор  байтро дар бар мегирад. Дар озмун Рачаб пораи онро кироат намуда, сазовори тахсини доварон гардидааст. Рачаб мегуяд, ки муносибати доварон рухияи Уро  баланд намудааст.

Рачаб  Гафоров, дар оилаи омузгор ба воя расидааст. Ин китобхона аз падар  мерос монда,ин чо зиёда аз панчсад китоб мавчуд аст. Рачаб фарзандонашро дар  рухияи эхтиром ба китоб ва китобхони тарбия намудааст. Фарзандон аз чунин падар ифтихор доранд. Ин наворхо аз рафти сухангуии Рачаб Гафоров дар Озмуни «Чумхуриявии Фуруги субхи донои китоб аст», сахифаи тозае  дар хаёти адабии ин оила мебошад. Онро  дар ин оила дахо маротиба тамошо кардаанд.  Рачаб ва шогирдони У максад доранд, ки имсол омодагии  боз хам чиддитар дида, дар озмуни навбати, чойхои намоёнро ишгол намоянд.

 

 

Гузориши Хоча Назриев,Худойназар Зухуров

24 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *