home Руйдодхо Хосили сабзавот — Восеъ

Хосили сабзавот — Восеъ

Рачабали Зиёев, сардори хочагии дехконии ба номи  «Комрон» ва ин намояндагони чамоати дехот  ба хосили  кишти картошкаи  коридаи хочаги   нигох карда,  аз руи инкишофи  махсулот,  бо бовари мегуяд, ки  имсол хосили хуб ба даст меоранд.  Аъзоёни  ин хочаги ба кадри  замин мерасанд.  Пеш аз кишти картошка, бо максади баланд бардоштани  хосилнокии замин,    масохати 500 метр  захбурхои байни заминхоро,  тоза   намуда,  заминро бо  гизои зарури таъмин карданд.

Масохати замини кишти  картошка, дар ин хочаги 2,5 гектаро ташкил медихад.  Хамрох,  бо ин хочаги,  дар худуди чамоати дехоти Гулистон, нохияи Восеъ,   майдони  кишти картошка  назар ба соли гузашта  10 баробар,   васеъ карда шудааст.      Хочагии дехконии ба номи «Комрон» самти фаъолияташ  ба сохаи сабзавоткори равона гардидааст.  Дар пахлуи  замини картошка,  парвариши дигар  сабзавотхо хам  ба рох  монда шудаанд.  Хочагидорон,  рузхои   наздик,  ба чамъоварии  хосили  пиёз  шуруъ мекунанд.  Бо максади  истифодаи  самараноки хар як вачаб замин,   заминхои  шафати  чуйборхоро  истифода намуда,    каду ва дигар полезихо  кишт намуданд.  Хочагидорон,  максад доранд, ки  баъди  чамъоварии хосил, заминро барои кишти такрори  омода менамоянд.

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

197 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *