home Руйдодхо Ифтитохи нави таълими

Ифтитохи нави таълими

Дар  хошияи дастур ва хидоятхои  Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои Миллат, Президенти  Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон  дар доираи  корхои  созандаги бахшида ба си солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон бо иштироки сарвазири  Точикистон, хузури  Вазири молияи  Точикистон  ва раиси вилояти Хатлон дар нохияи Восеъ, назди муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №37 вокеъ дар дехаи ба номи Саъдуллои Шариф,   бинои нави таълими  мавриди истифода карор дода шуд. Дар чорабинии расми бахшида ба ифтитохи иншооти нав, сарвазири  мамлакат  аз номи Пешвои Миллат, Президенти  Чумхурии Точикистон мухтарам  Эмомали Рахмон ба сохибкори ватани  Шерали Шайхов барои чунин икдоми  ватандустона изхори  минатдори баён  карданд.

Бинои навбунёди таълими    ду ошёна  буда, аз 11 синфхона ва ду утоки кори иборат мебошад.  Синфхонахо кушоду равшан ва бо тачхизотхои  таълими мучахаз гардонида шуданд.  Дар чунин шароити мусоид,  дар ду баст,  бинои нав  528 нафар хонандагонро ба тахсил фаро мегирад. Бино бо системаи ягонаи гармидихи таъмин карда шудааст.  Ёдовар бояд гардид, ки пеш аз сохтмони бинои  мактаб, бо икдоми оилаи  Шайховхо  дар сахнии хавлии мактаб, чихати таргиби тарзи хаёти солим, чалби наврасону чавонон ба варзиш,  варзишгохи замонави майдони  футболи хурд сохта  шуда,   мавриди бахарабардори карор дода шуда буд.

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

342 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.