home Руйдодхо Кишоварзи: Чамоварии хосил — Восеъ

Кишоварзи: Чамоварии хосил — Восеъ

Микдор,  хачму сифати   ин  махсулот,гувохи аз он медихад, ки дехконони ин хочаги заминро самаранок истифода намуда,  имруз ба натичаи  хуб ноил гардиданд.     Дар  хочагии   дехконии  ба номи «Илхом», дар натичаи мехнати софдилона,  аъзоёни хочаги,  хамасола аз  ин  замин  се хосил  чамъ  меоранд.   Охирхои мохи май,  дехконон,  кушиш доранд, ки  хар чи тезтар хосили  пухта   расидаро   чамъовари намуда, ба кишти такрории замин  шуруъ намоянд.     Дар ин хочаги,  замини кишти картошка,  масохати як гектаро ташкил додааст.   Аъзоёни  хочаги ва  чалби  сокинони бешугл, дар корхои мавсими,  ба   чамъоварии хосил,    муташакиллона   огоз  карданд.    Дар  хочагии дехконии  «Илхом»  гайр аз кишти сабзавот, хамчунин  кишти полезихо ба рох монда шудаанд. Хандалак , барои киштгардон кардани замин, маротибаи аввал кишт  карда шудааст.

 

 

Бо риояи коидахои агротехникаи  парвариши ин намуди махсулот,   хосили он  рузхои наздик   чамъовари гардида, ба  бозор бароварда мешаванд.   Ин мутахасисони, раёсати кишоварзии нохияи Восеъ,  холати  истифодабарии  заминхоро  дар ин хочаги  дида баромада,  барои  кишти такрории заминхо   ба дехконон тавсияхои муфид доданд.   Кишоварзони чамоати дехоти Тугарак, дар як вакт бо чамъоварии картошка, барои  чамъоварии махсулотхои  галладонагихо   омодаги дида истодаанд.  Тибки тахлилхои   мутахасисони   раёсати кишоварзи,  хосили галладонагихо  каноатбахш   мебошанд,  зеро, ки   имсол  кишоварзон тухмихои хушсифатро истифода намуданд. Дар худуди чамоати дехоти Тугарак, дар  ин мавсим  дар  дигар хочагихои дехкони,    чамъоварии   махсулотхои  кишоварзи,   идома  доранд.  Дар кооперативи истехсолии «Партов», баъди чамъоварии  хосили сабзавоти барвакти,  хочагидорон, рузхои наздик ба чамъоварии  хосили пиёз шуруъ мекунанд.  Дар ин кисмати заминхо, ки хосил  чамъовари шудааст, вактро ганимат шумурда,   заминхоро барои гузаронидани кишти такрори  омода  месозанд.       

 

 

Гузориши Хоча  Назриев,  Худойназар Зухуров

735 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *