home Руйдодхо Махфили шеъру суруд — Хамадони

Махфили шеъру суруд — Хамадони

Дар доираи чорабинихои наврузи ва истикболи 30 солагии  Истиклолияти давлатии  Чумхурии Точикистон  дар  чамоати дехоти  Дашти гуло, нохияи ба номи Мир Саид Алии Хамадони  бо икдоми  ташкилоти чамъияти  «Маркази  дастгирии  ташабусхо»  тахти унвони   «Фуруги субхи донои китоб аст» махфили адабии шеъру суруд доир гардид.   Дар ин хамоиши фарханги шоири халкии Точикистон  Алимухаммад  Муроди  ва хавзаи адабие, ки  шоир рохбари доранд,  нависанда, барандаи чоизаи  адабии ба номи Садриддин Айни Мачид Салим, шоирон Косимчон Зарифи  ва Файзуллои Сомони иштирок доштанд.  Чорабиниро нахуст  раиси чамоати дехоти Дашти гуло  кушода, кайд намуданд, ки  дар толор  ахли нишаст, донишчуёне, ки тибки квотаи Президенти Чумхурии Точикистон  тахсил доранд  ва  он довталабоне, ки ба озмуни Чумхурияви «Фуруги субхи донои китоб аст»омодаги доранд,  нафароне, ки  бахри   пешрафти  хаёти адабии   ин гушаи кишвари азизамон  сахм  гузошта  истодаанд, иштирок доранд.

Сипас, адибон  аз навиштахояшон, шеърхои тозаэчод  кироат намуда, китобхои тозанашри  худро муарифи карданд. Дар чунин мухити адаби,  адиб, рузноманигор Чумахон  Сайдали китоби навашро тахти унвони Сисолахо ва достони марди номус  ба  китобхонаи дехоти ва хонандагон такдим  кард.   Хамоиши фарханги  дар ин чамоати дехот   бо баромадхои  чолиб,   хотирмон  гузашт.   Дар ин чорабиии фарханги,  аз эчодиёти адибон шеъру газалхо кироат намуда, кормандони бахши фарханги назди  чамоати дехот бо навозиш  ва сурудхо   васфкунандаи  хаёти осиштаи   Точикистони сохибистиклол,   хотири иштирокчиёнро болида  гардониданд.

 

Гузориши Хоча Назриев,Худойназар Зухуров

61 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *