home Руйдодхо Одина Хошим- хамоиши фарханги

Одина Хошим- хамоиши фарханги

Дар   дехаи Файзобод, чамоати дехоти Дашти Гулло нохияи ба номи Мир Саид Алии Хамадони,   тахти унвони  «Одина Хошим  хофизи мутафаккир»  хамоши фарханги доир гардид.  Ин чорабиниро бо сухани ифтитохи чонишини раиси нохия огоз намуда, аз лахзахои зиндагии  ин шахсияти  шинохтаи кишвар ёдовар гардиданд.   Дар ин хамоиш, шогирдони устод Одина Хошим,  хофизи халкии Точикистон  Файзали Хасанов,   шоири халкии Точикистон  Алимухаммад  Муроди, аз рузгори овозхони  маъруфи  асри 20, нобигаи  олами мусики устод Одина Хошим кисса карданд. Кайд карда шуд, ки  Одина Хошимов  тавонист, дар давоми умри  кутохи  56 солаи худ,   хунармандони  зиёдеро  чамъ оварда, мактаби мухсуси  овозхонии  худро  таъсис   бидихад. У овозхони нотакрор буд.

Дар таърихи санъати мусики  ва  овозхони  У нафаре буд, ки ашъори классикони точику  форс  ва шоирони муосирро аз бар  намуда, дар сатхи баланди мусики ичро кардааст.Дар катори аз бар кардани ашъори Хофизу Бедил, Хайёму Чоми, Сайидо, Санноиву Соиб, Саъдиву Камол, Сахбо, ба шеърхои шоирони гумном низ оханг баста, онхоро ба мухлисони сершумораш муарифи кардааст. Овози кави, мусикии чаззоб  ва интихоби  ашъори  баланд устод,  Одина Хошимро махбуби  оламиён  гардонид. Ба номи устод Одина Хошим дар маркази нохияи ба номи Мир Саид Алии Хамадони,   филармонияи мардуми   фаъолият  намуда,  кисми зиёди  хунармандони он  шогирдони  устод Одина Хошим мебошанд.       Дар бораи рузгор ва  фаъолияти  Одина Хошим дар тулли такрибан  30 сол, китобхои зиёд руи чоп омадаанд. Хушбахтона, дар арафаи чашни  30 солагии чашни Истиклоли Точикистон, аз лахзахои гуворову ногувори зиндагии хунарманд  аз забони  дустон, мухлисон ва хаводорони  хунари У  бо унвони  «Пири фалаксароён» китоби нав  руи чоп омад. Хамоиши мазкур бо муарифии китоб  ва барномаи чолиби консерти бо як чахон  таасуротхои нек  ва  хотирмон чамъбаст гардид.

 

 

 

 

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

511 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *