home Руйдодхо Озмун: Маданияти андозсупори — Восеъ

Озмун: Маданияти андозсупори — Восеъ

«Андоз аз нигохи  наврасон» тахти хамин ном дар нохияи Восеъ,  даври  нохиявии  Озмуни Чумхуриявии «Маданияти  андозсупори- бахои  бофархангии чомеа» доир  гардид. Озмуни мазкур, бо ибтикори  макомоти нозироти андоз   ва  раёсати  молияи нохияи Восеъ,  гузаронида шуда,  довталабон,  хонандагони муассисахои тахсилоти миёнаи умумии нохия  ва касбомузони  литсеи касби техники  буданд. Тибки низомнома, аъзоёни хакамон  аз руи ду номинатсияи  пешниходгардида, расми бехтарин — зери унвони  «Анзоз аз нигохи наврасон» барои хонандагони  муассисахои тахсилоти миёна  ва  Номенатсияи «Бехтарин донандаи  Кодекси андози   Чумхурии Точикистон» барои  донишчуёни  муассисахои тахсилоти  миёна, ибтидои,  миёна  ва олии касби, сохибкорон  ва шахсони вокеъи  ба махорат  ва дониши  иштирокчиён бахогузори намуданд. Озмуни Чумхуриявии «Маданияти  андозсупори — бахои бофархангии чомеа» аз чониби  Кумитаи андози  назди Хукумати Чумхурии Точикистон ба муносибати 30 солагии истиклоли давлати бо максади ташвику таргиби мукаррароти конунгузории андоз  ва дигар санадхои    меъёрии хукуки, баланд бардоштани фарханги андозсупории  насли наврас, донишчуён, сохибкорон ва дигар шахсони  вокеъи дар хамкории шахру нохияхо ва вилоятхои кишвар  гузаронида   шуда, голибони  даври нохияви, вилояти ва Чумхурияви  бо тухфахои калони пулли кадр карда мешаванд.

 

Гузориши   Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

821 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *