home Руйдодхо Парваришгохи харгушпарвари

Парваришгохи харгушпарвари

Дар  дехаи Окчар, дехоти ба номи Мирали Махмадалиев, нохияи Восеъ, назди муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №3  парваришгохи  хурди истехсоли харгушхои махалли  сохта шуда,  дар арафаи истифодабари  карор дорад.  Бинои мазкур, аз ду хучра иборат аст. Тибки накша дар толори калон,харгушхо  нигохубин карда шуда,  хучраи дигар барои  нигохдории  хуроквори пешбини гардидааст. То расидани  харгушхо,рохбарияти муассиса,  тачрибаи  сокинони дехаро дар самти харгушпарвари меомузанд.

Дар дехаи Окчар дар хочагии Мухаммадвали  Сайдалиев дар ин хонача  28 то харгуш  парвариш намуданд. Бо розигии падараш,  Хабибулло  ба ин шугл машгул огоз кард. Амаки Мухамадвали мегуяд, ки  парвариши харгуш кори мушкил нест. Хурокааш хам бисёр аст. Дар ин хавли ба харгушхо  юнучка, сабзи ва гизои омехта медиханд.  Муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №3 барои харгушпарвари  ва рушди он  хамаи имкониятхоро дорад.  Масохати 2 гектар заминхои обии  наздихавлиги, ки  муассиса  истифода мебарад,  кормандони кисми хочагии мактаб барои  кишти юнучка ва сабзи, хуроки харгушхо  заминро  омода намуда истодаанд.

 

Гузориши Хоча  Назриев, Худойназар Зухуров

320 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.