home Руйдодхо Пешгирии бемории ВИЧ

Пешгирии бемории ВИЧ

Дар театри мусики мазхакавии  ба номи Сайдали Вализодаи  шахри Кулоб, намоишномаи нав тахти унвони  «Ноумед нашавед» ба сахна гузошта шуда,  омодаи  намоиш аст.   Ин намоишнома, ба  яке аз мавзуъи мухими руз,  бемории Вич Спид, ки чомеъаи чахониро  ба ташвиш овардааст,  накл мекунад.  Намоишнома,   хаёти як оиларо дар бар гирифта,  оиди  ин бемори, таъсири он ба  хаёти оила,  рохои гузариш ва пешгирии он  ба таври содда ва фахмо  нишон  дода  шудааст.

Максади  намоишнома  огох кардани ахоли аз рохои интиколи  ин вирус ва пешгирии хатари муносибатхои нобаробар нисбати  занони гирифтори  бемории  вируси  норасоии  масъунияти  одам  мебошад.

Намоишномаи мазкур, дар муассисахои  тахсилоти миёнаи умуми  нохияи Кулоб, ба таври зинда намоиш дода мешавад.

Лоихаи мазкур, дар доираи барномаи Осиёи  маркази Медиа Камр бо дастгирии Агентии  Иёлоти мутахидаи Амрико оид  ба рушди байналмиллали (ЮСАИД) аз  ташкилоти  чамъиятии    Гайридавлатии Имрон амали карда шудааст.

 

 

50 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *