home Руйдодхо Рахпаймохи

Рахпаймохи

Бахшида ба  чашни си солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон  дар нохияи Восеъ, рахпаймоии идона, аз назди бинои  макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия, шуруъ гардид. Дар сафи пеш,  намояндаи  Хукумати Чумхурии Точикистон, Вазири молияи Точикистон, хампахлуи  У   раиси нохияи Восеъ  ва  чонишинони раиси нохия, мудирони шуъба ва бахшхо, рохбарони макомоти хифзи хукук,    ва дигар  намояндагони макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия  ва  дигар иштирокчиён  аз кучаи маркази мегузаранд. Аз руи мушохида, дар рахпаймои зиёда аз дах хазор  нафар сокинони нохия иштирок варзиданд. Дар рахпаймои кормандони ташкилоту    муассисахо, кормандони чамоати шахрак  ва чамоатхои дехот, омузгорони муассисахои таълими бо рухияи баланди идона бо  шукургузори аз давлати сохибистиклол, бо чехрахои болида   аз майдон  гузаштанд.

Баъди анчоми рахпаймои, бегохии  руз, чорабинии идона  дар майдони  варзишгохи маркази идома ёфт. Дар ин чорабини бо иштироки  намояндаи Хукумати Чумхурии Точикистон, Вазири молияи Точикистон, дар маърузаи раиси нохияи Восеъ, бахшида ба  си солагии  Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон,   кайд гардид, ки мехнаткашони нохияи Восеъ, дар амали гардидани  сиёсати созандаву  бунёдкоронаи Хукумати кишвар ва тибки дастуру  хидоятхои дар Паёмхои Президенти  Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон баёнгардида, бо хама хасти собиткадамона захмат кашида, бо азму иродаи кави дар пешрафти кишвари махбубамон сахми арзандаи худро мегузоранд. Сипас,  намояндаи Хукумати Чумхурии Точикистон,  Вазири молияи Точикистон, дар суханрониаш аз номи   асосгузори сулху вахдати  милли, Пешвои Миллат,Президенти  Чумхурии Точикистон, мухтарам, Эмомали Рахмон сокинони нохияро бахшида ба сиюмин солгарди  Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон  табрик намуда, аз дастовардхои даврони сохибистиклолии Точикистон  дар самти  иктисоди ва ичтимои  ёдовар гардид.  Дар кисмати  кадршиноси бо иштироки намояндаи Хукмати Чумхурии Точикистон Вазири молияи Точикистон  аз номи Макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохияи Восеъ,  ба фаъолони нохия, сипосномахо  такдим карда шуданд.  Дар кисмати фархангии чорабини хунармандони  бахши фарханги нохия бо барномаи  идонаи консерти таранумгари  даврони сохибистиклолии кишвар  баромад намуданд.

44 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *