home Руйдодхо Рушди парандапарвари — Восеъ

Рушди парандапарвари — Восеъ

Ин шутурмургхо  дар  дехоти Тугарак,  нохияи Восеъ, парвариш ёфтанд.  Мохи май, бо чунин шаклу  чуса, пойхои баланду  гардани  борики   дароз,    панчмоха  буда,  бардаму солим  хастанд.     Ба нигохубини ин парандахо,  Махмуд  Каримов    машгул аст. Шутурмург,  хамма чизро истеъмол мекунад. Бо нули борику  дарози  сахт  барои дарёти гиззо  душвори намекашад.  Ризкашро  дар   хама маврид  пайдо менамояд.  Дар катори дигар парандахо, ин паранда  хам   субхи барвакт,  бедор мешавад.  Махмуд,  мегуяд, ки   субхгохон,  шурумургхо  рузро бо ракс  истикбол мегиранд.

Дар ин хочаги, барои парвариши  шутурмург шароитхои мусоид  мухаё карда шуданд. Хуроки  онхо  он  чизе ки дигар парандахо истеъмол менамоянд хамон аст.  Барои сергизо шудани  он  кунчора  ва дигар  донагихои ордкардашударо   бо хам омехта менамоянд. Мутахасисон,  мегуянд, ки  хурокхои сергизо  омили асосии  вазн гирифтани  ин паранда мебошад.  Вазни  як  шутурмург  дар яксолаги ,  аз 70 килограм   зиёд мешавад. Дар самти  парвариши шутурмург, тибки дурнамо  хочаги максад дорад, ки  бо зиёд намудани  саршумори ин паранда,  чойхои нави кори мухаё намуда,  дар  таъмини  бозори истеъмоли  бо гушти  пархези сахми худро  гузорад.

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

705 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *