home Руйдодхо Рузи Парчами давлати

Рузи Парчами давлати

Дар доираи  чорабинихо бахшида ба рузи  Парчами давлатии  Чумхурии Точикистон, дар нохияи Восеъ чорабинихои  гуногуни  идонаи фарханги доир гардиданд. Ба ин муносибат  субхи  рузи 24 уми ноябр,  ичрокунандаи вазифаи раиси нохияи Восеъ, Шарифзода Чамшед Рахмон  дар вохури бо  хонандагони  мактаб интернати  ятимон ва бепарасторони  №1 вокеъ дар дехаи Арал нохияи Восеъ, онхоро  ба ин рузи муборак табрик  намуда, иброз намуданд, ки  Хукумати Точикистон  ба ин кишри чомеъа таввачухи махсус  зохир менамояд. Аз номи  макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия, ба мактаб интернат кумакхои  яквакта расонида шуда,   дар ин руз барои хонандагони мактаб интернати  ятимон ва бепарасторон дастрахони идона ороста гардид. Дар чорабинии идона бахшида ба рузи Парчами давлатии Чумхурии Точикистон  дар муассисаи тахсилоти   томактабии №1 вокеъ дар маркази нохия чорабинии идона доир гардид.  Тарбиягирандагони  ин богча ясли   бо барномаи ранги  идона  рузи ПАрчавми давлатиро  чашн гирифтанд.  Дар чунин мухити идона, ба иштирокчиёни фаъоли  даври нохиявии Озмуни Чумхурияви «Фуруги субхи донои китоб аст»аз номи макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия, сипосномахо такдим карда шуданд.    Бахшида ба Рузи парчами  давлатии  Чумхурии Точикистон  чорабинии тантанави, тахти унвони  дурахши Парчамат  човидон бод Точикистон, дар касри фарханги нохия доир гардид.    Намояндагони касбу кори гуногун, рохбарони ташкилоту муассисахо,  рохбарони макомтхои хифзи хукук, собикадорони мехнат, чавонон,  Парчам дар даст, бо ифтихори баланди  ватандори   иштирокчиёни чорабини  буданд.

Бахшида ба рузи парчами давлатии  Чумхурии Точикистон    ичрокунандаи  вазифаи  раиси нохияи Восеъ    Шарифзода  Чамшед Рахмон  маърузаи худро  аз табрикоти  сокинони нохия бахшида ба ин рузи фархунда  огоз  намуда,    аз чумла  дар маърузаашон  кайд намуданд, ки  Парчами  давлатии  Чумхурии Точикистон  зодаи истиклол аст. Сокинони нохияи Восеъ дар баробари анчом додани тадбирхои  созандаву бунёдкорона, падару модарон ва омузгорон вазифадоранд, ки чихати арчгузори ба арзишхои  милливу фарханги, аз чумла бо дарки мазмуну мохияти суннати Парчамдори ба тарибяи насли наврасу чавон боз хам чиддитар машгул шуда, дар хифзи вахдати милли, суботу ороми ва зиндагии осоишта   сахми арзандаро гузоранд. Дар ин чорабини, сипас, намояндагони  ташкилоту муассисахо ва  насли чавони кишвар, баромад намуда, дар мавзуъи  гиромидошти  Парчами  давлатии Чумхурии Точикистон андешахои худро баён доштанд. Баъди баромадхои  расми, дар хузури иштирокчиён  аз сахифахои таърихи Парчамдории  халки точик, филми мустанад намоиш дода шуд. Дар кисмати фархангии чорабини бо иштироки кормандони бахши фарханги нохия,  барномаи  рангини консерти манзури иштирокчиёни чоракбини гардонида шуд.

 

 

Гузориши Хоча Назриев ва ХУдойназар Зухуров

113 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *