home Руйдодхо Си солаги муборак

Си солаги муборак

Бахшида ба истикболи  си солагии Истиклолияти давлатии  Чумхурии Точикистон, сокинони  дехоти нохияи Восеъ,    бо рухияи баланди ватандори  ин санаи  фархундаи  сарнавиштсози миллатро    чашн  мегиранд.Ба мисли дигар дехотхо,   дар  дехоти ба номи Худоёр Рачабов   ин чашнвора, бо намоиши  махсулотхои кишоварзи махсули мехнати  дехконон  шуруъ гардид.  Самти фаъолияти  асосии  хочагидорони ин  чамоати  дехотро   сохаи кишоварзи ташкил дода,   дар таъмини бозори истеъмолии минтакаи Кулоб,  бо пешниходи чунин махсулотхои аз лихози экологи тоза, дехконон  накши арзишманд мегузоранд.

Дар ин чамоати дехот, дар баробари  кишоварзи, ба самти хунрманди  ба  хунархои мардуми таввачухи калон зохир карда мешавад. Бонувони хонашин,  ба шугли судманд фаро  гирифта шуда, бо максади эхёи хунархои мардуми ба омузиши хунархои дасти  чалб гардидаанд. Имруз занони  ин дехот кушиш доранд, ки нозукихои  хунрхои дастии гузаштагонро ба хотир оварда, шавки чавононро ба дастранчхои  анъанави  бедор созанд.

Дар кисмати расмии чорабини, чонишини раиси нохияи Восеъ, аз номи макомоти  ичроияи  хокимияти давлатии нохия, сокинони дехотро бахшида ба   ин   санаи фархунда, чашни си солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон, табрик намуданд.

Сипас дар мухити идона,ба собикадорони мехнат, голибони  озмунхои  даври  чумхурияви, фаъолони  истехсолот аз номи Макомоти  ичроияи хокимияти давлатии нохия, бахши чавонон ва варзиш  бо сипосномахо  кадр карда шуданд.   Дар кисмати фархангии  чорабини, кормандони бахши фарханги нохия, бо барномаи идонаи консерти, таранумгари  дастовардхои сохибистиклолии кишвар,  хотири сокинонро боз   хам  болидатар   гардониданд.   Ба истикболи чашни си солагии  Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон хамин гуна хамоиш дар чамоати дехоти ба номи Абди Авазов бо  барномахои  идона  дар сатхи баланди омодагихо доир гардид.

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

39 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *