home Руйдодхо Вахдат — Хамадони

Вахдат — Хамадони

Дар доираи  чорабинихои чашни,  бахшида  ба  рузи вахдати милли, бо  ибтикори  кумитаи ичроияи хизби халки демократии Точикистон   дар нохияи ба номи Мир Саид Алии  Хамадони,  дар  яке аз кисмхои сархадии  Кумитаи амнияти  миллии Чумхурии Точикистон,  хамоиши идона доир гардид. Дар вохури рохбарияти кумитаи ичроия  аз номи рохбарияти  Хизби  халки демократии Точикистон,  афсарону сарбозонро  бахшида ба рузи вахдати  милли  табрик намуданд.  Кайд карда шуд, ки  дар даврони  истиклоли  давлати,   чавонон дар чузъи томхои  гуногуни  Куввахои Мусаллах ба Ватан Модар содикона  хизмат  карда  истодаанд.  Дар ин  руз бо дастгирии кумитаи  ичроияи хизби халки демократии Точикистон дар ин нохия,  барои сарбозон  ва афсарон  дастархони идона  ороста  гардид.

Хамчунин,  дар ин рузи  хотирмон,  бахшида ба рузи вахдати  милли, бо  ташабуси   кумитаи ичроияи Хизби халки демократии  Точикистон  дар нохияи ба номи Мир Саид Алии Хамадони,  дар  чамоати дехоти  Файзобод,  чамоати дехоти Мехнатобод,  дехахои Навобод, Дусти, Гулобод  дар ташкилотхои ибтидоии хизби бо хизбиён,    мулокоту вохурихои  судманд   доир гардиданд. Дар  чорабинихои хизби,    сахми  Хизби  халки демократии  Точикистон  дар пойдории вахдати милли  ва  раванди корхои  созандагии  Ватани махбубамон,   кайд карда шуд.   Дар ин хамоишхо таъкид карда шуд, ки  ташкилотхои ибтидоии   Хизби халки демократиии Точикистон  дар нохияи ба номи Мир Саид Алии  Хамадони,  бо  ташабускориву  ташкилотчиги  чашни сазовор  аз си солагии  истиклолу озодии  Точикистони  махбубамонро,  бо  тухфахои арзанда  истикбол мегиранд.Силсила чорабинихои хизби бахшида ба рузи вахдати  милли дар  вохури бо  маорифчиён  чамъбаст гардид.

 

 

118 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *