home Руйдодхо Заминхои нави корам — Восеъ

Заминхои нави корам — Восеъ

Ин заминхо  якчанд сол пеш, шуразамин буданд.   Бо мехнати   софдилонаи  Сафарали   Чилаев  ва ахли оилаи У  бо маслихати мутахасисони  сохаи кишоварзи,  ба замини кишт  табдил  дода  шуд.    Ин    шуразамин  ва ботлокзор,  ки    гайр аз хору  камиш  ва алафхои  худруй,  табъи  бинандаро  хиракунанда,   дигар  чизе намеруид, акнун    Сафаралли  Чиллаев, ин гуна махсулотхо  кишт намуда, рузхои наздик  хамаруза  садхо  килограм,   махсулотхои ниёзи мардумро   ба бозор мебарорад.

Сафаралли Чилаев мегуяд, ки аз  хидоятхои рохбари давлат,  дар самти аз худ намудани заминхои гайрикишоварзи,   илхом гирифта, бо маслихати ахли оила,  дар масохати  2,5 гектар, ин шуразамин,  хочагии дехкони ташкил кард.  Номашро  «Умедчон» гузошта, бо ниятхои нек  онхо  софдилона  ба кори дехкони  огоз карданд.   Ахли оила, дар як муддати  муаян, бо тоза кардани захбуру захкашхо, сатхи обхои зеризаминиро  паст намуда,  бо тахту хамвор намудани замин ва таъмини он бо порухои махалли, хамин тавр    шуразаминро    ба замини серхосил  табдил доданд. Амаки Сафарали ва ахли оилаи У  ба кадри замин мерасанд.  Онхо  хар як вачаб  заминро окилона ва самаранок истифода  менамоянд.  Сайри  китъахои заминхои  коркардшуда,  намуда,  натичахои мехнаташро  ба мо нишон дода,  мегуяд, ки истифодаи самараноки замин баракат дорад.  Аз даромади хосили замин, сатхи зиндагии оилааш,  сол то сол  баланд  мегардаду,  дар таъмини бозори истеъмоли  сахмашон  бештар.

 

Гузориши   Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

217 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *