home Занони деҳот «Зани сохибкор» Занони дехот № 10

«Зани сохибкор» Занони дехот № 10

Ширинмо Назарова, ба фаъолияти сохибкори  бо шугли дузандаги,  ворид  гашт.   Ба ин шугл У аз давраи  кудаки,  завки  калон  дошт,  зеро  дузандаги   дар оилаи онхо  шугли  мероси аст. Ин коргохи Ширинмо мебошад. Ин занону духтарон, шогирдони  У  мебошанд. Онхо  вобаста ба талаботи имрузаи одамон либос медузанд. Ин зардузихо, чакан  ва куртаи чакан  барои духтарон,  сару либоси милли  барои кудакон, токихои чакан,  махсули корхои  онхо мебошанд. Махсулотхое, ки  ин чо истехсол мегардад,кариб, ки  хамаашон  фармоиши мебошанд,  мегуяд, Ширинмо.  Аз даромади он як кисми рузгори   оиларо пеш бурдан мумкин аст.  Ширинмо, хамчун зани сохибкор,дар самти рушди хунархои милли,  дар  соли 2020 ум сохиби гранти Президенти Чумхурии Точикистон гашт. Ин ба У имконият дод, ки дастгохои нави замонавии дузанги  дастрас намуда, сифати духти либосхояшро боз хам  бехтар намояд. Дар баробари ин занону духтарони бушугли   хонашинро, ба омузиши  хунархои милли, аз кабили  чакандузи ва   дузандаги чалб намояд. Ширинмо, дар самти  пеш бурдани  ин фаъолият, ба таърих ва талаботхои имрузаи  чомеъа такя менамояд.

Бахшида ба солхои рушди дехот, сайёхи ва хунархои мардуми,   расми саёхро  гулдузи кардааст. Ин расми кахрамони Точикистон,   Шириншо Шохтемуров аст. Хамин тавр,  чехрахои  дигари  шинохтаи таърихи  Точикистонро  барои  ба чо овардани эхтироми онхо,  У  максади гулдузи карданро дорад.  Акси Турсунзода дар арафаи анчомёби аст. Талабот ба  махсулотхои  духтаи  Ширинмо ва ин занон,  меафзоянд.  Аммо, коргохи дузандагии  манзили истикоматии   Ширинмо хурд мебошад.  Дар замони сохибистиклолии  Точикистон, ва  кабул гардидани як катор санадхои меъёри хукуки дар самти баробархуккуии  занону мардон дар Точикистон дар  катори дигар шахру нохияхои Точикистон дар  нохияи Восеъ, занон ба фаъолиятхои гуногуни  сохибкори  машгул мебошанд.  Яке аз самтхои фаъолияти  шуъбаи кор бо занон ва оила дар ин самт ин кумак  расонидан ба занон мебошад.  Тибки итилоъи, Дилафруз  Абдулхакзода, мудири шуъбаи   кор бо занон ва оилаи макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохияи Восеъ, дар самти чалби занон ба фаъолияти сохибкори, онхо  аз руи барномахои давлати  амал намуда,  миёни занону духтарон корхои таргиботи бурдаанд.  Дар самти фаъолияти сохибкори,  ба монанди  Ширинмо  Назарова, бисёр занону бонувони нохия, дастгири ёфтанд. Аз фаъолияти  коргохи дузандагии  Ширинмо Назарова, дар манзили истикоматиаш, кормандони   шуъбаи кор бо занон  ва оила шинос хастанд.  Бо дастгирии ин шуъба,  Ширинмо максад дорад, ки  барои баромадан ба бозор  доираи фаъолияташро васеъ намояд.

 

 

123 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *