home Занони деҳот Занони сиёсатмадори дехот. Занони дехот № 9

Занони сиёсатмадори дехот. Занони дехот № 9

Дар  равандхои сиёсии Точикистони  сохибистиклол, сарварии занон  хамчун падидаи тоза, ба хисоб меравад.  Дар ин гузориш  мо  аз фаъолияти   Рахимзода  Раъно, сардори раёсати кор бо занон ва оила,  макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Хатлон,  ин    зани  сарвар  дар сиёсат  накл мекунем. То ин вазифа,  Раъно дар дигар вазифахои масъул рохбар шуда омадааст.  Дар таърихи нохияи Фархор, аз хисоби занон, нахустин   раиси нохия мебошад. Раъно чунин мехисобад, ки дар тарбия ва ба камолрасии  У  сахми мактаб  калон аст. Аклу заковат, дилрабои, назокату зебоии зохири, ботаввачухи, нарми, гамхори нисбати атрофиён хусусиятхои  хоси сарвари  мебошанд, ки  дар фаъолияти Раъно дида мешаванд. У ба неруи худ бовари дорад. Раъно чунин мешуморад, ки барои зани сарвар пеш аз хама  ба даст овардани обруву эътибори сиёси мухим аст.  Зеро барои ноил гаштан ба бовари  шахс бояд, сохиби  сифатхои анъанавии рохбари дар сиёсат, янеъ мачмуи сифоти мардона бошад, Аз тарафи дигар, у бояд назокати занонаи худро аз даст надихад, зеро у пеш аз хама зан аст. Кахрамони дигари  гузориши мо Давлатова Санавбар мебошад. Санавбар, духтур аст.

Дар беморхонаи ракамии 4 чамоати дехоти  ба номи Худоёр Рачабов нохияи Восеъ, сардухтури беморхона аст. Кобилияту кордони ва сарварии Уро ба назар гирифта,сокинони дехаи Пушёни поён  Уро  ба   вакили  мачлиси вакилони халки нохия  интихоб карданд. Санавбар, дар беморхона ва берун аз он дар кучаву махаллахо бо сокинон  хамсухбат шуда, аз вазъи зиндагии онхо бохабар аст. Яке аз масъалахои мухими ин минтака  бемории сил, ки солхои 80 уми асри гузашта мушкилоти асоси  ба хисоб мерафт, пешгирии ин бемори  зери таввачухи  Санавбар карор дорад. Дар беморхонаи ракамии №4,  46 нафар кормандон ба кор чалб карда шуданд. Байни занону духтарон 7 нафар мардон  мебошанд. Санавбар, хамчун рохбар нисбати кормандон халиму хоксор аст. Хамкорон ва интихобкунандагон  аз Санавбар хамчун  вакил пешниход доранд, ки манфитахои  гуногунсамту ахамиятноки занонаро  химоя, пешниход ва барасси  намояд. Санавбар, пеш аз ин беморхона дар Чумхурии исломии Афгонистон  ба хайси духтур фаъолият кардааст. Муддати се сол, он чо кор карда ба вазъи зиндагии занони  афгон  шинос аст. Баъди бозгашт аз Афгонистон, Санавбар ба деха баргашт. У шукрона менамояд. Мегуяд, ки имруз дехот ба шахр монанд шудааст. Зиндагиаш, дар деха хуб мегузарад. Оилаи солим дорад.

 

 

133 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *