home Руйдодхо Зимистонгузарони

Зимистонгузарони

Ин  сузишвори, ангишти имсол, ба муассиса воридкардашуда мебошад.  Ин алангаи  оташи хамин ангиштсанг  аст.    Дар муасисаи  таълимии  №61, барои дар сатхи  лозими  гузаронидани  давраи  тирамоху зимистон, рохбарияти муассиса,   омодагии хуб  дида,  тибки  накша,  аз рузи  15 уми ноябр,   печхои  гармидихии бугиро,  фаъол  гардонид.     То ин муддат, кормандони кисми хочаги, кубурхои  гармидихиро  аз назар гузаронида,  чойхои  вайронгаштаи   онро   таъмир карданд.     Тибки иттилоъи рохбарияти муассиса, сузишворихо  ба кадри зарури  захира карда шудааст. Ин  микдор  барои  гузаронидани давраи  тирамох ва  зимистон  басанда мебошад.

Ин муассисаи  таълими аз як бинои таълимии сеошёна,  иборат буда, дар 16 синфхона, дар ду баст, 983  нафар хонандагон   дар чунин синфхонахои кушоду равшан,   ба тахсил фаро гирифта шудаанд.  Дар нохияи Восеъ, бо ин муассиса, дар  12    муассисаи  таълимии дигар, синфхонахо, тарики  истифодаи  гармидихии буги,  гарм карда мешаванд.   Тибки тахлилхои мутахасисон, истифодаи  гармидихии буги, бехатар буда,  харорати  гармии синфхонахоро як хел нигох медорад.  Бартарии  дигари   системаи гармидихии буги,   ба  сарфа  намудани  кувваи барк,   мусоидат менамояд.

 

 

Гузориши Хоча Назриев,Худойназар  Зухуров

101 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *