home Руйдодхо Фарханг-Муколамаи наслхо

Фарханг-Муколамаи наслхо

Инхо  адибон, сохтмончи, матбаачи  ва эпидемиолог, нависанда, шоирон  аз шахри  Душанбе  ба  зодгохашон  дехаи Кадучи, дехоти ба номи  Мирзоали Вайсов  нохияи Восеъ   барои иштирок дар махфили  «Муколамаи  наслхо»  омаданд. Чои баргузории  чорабини,  мактаб интернати  дехаи Кадучи, маконе, ки  бисёри онхо ин чо  зинаи  тахсилоти  ибтидои ва  миёнаро   хатм намуданд.

Махфили  « Муколамаи Наслхо»  ин махфиле мебошад, ки  адибон ва дигар  нафарони номдори  Точикистон, ки дар ин  деха,ба камол расидаанд   аз  кор ва   фаъолияти   як солаи худ  дар рушду ободии Точикистони  азиз,   назди  хамдехагонашон хисобот медиханд.  Махфил  соли шашум мешавад, ки    мегузарад. Ин  навбат, хисоботдихандагон, адиби шинохта, Садриддин Хасанзода, Сангахмад  Тилло  Самад  професори  донишгохи техникии  Точикистон ба номи   Мухаммад Осими  ва Гурез Азимов,  професори кафедраи  Эпидемиологии  донишгохи  тибии Точикистон  иштирок варзиданд.  Дар толор,  нависанда, публисист  Рачаб  Мардон ва устодону шогирдон   хузур    доштанд. Дар  махфили  «Муколамаи   наслхо»  кайд гардид, ки бо калами  адиб,  Садриддин  Хасанзода,  зиёда аз 37 китоб  ва 180 маколахои илми  ба дасти хонандагон  расидаанд. Дар ин вохури, адибон  шукронаи  тинчию ободии Точикистон  карда, кайд намуданд, ки  бо дастур ва хидоятхои  Президенти Чумхурии Точикистон, бо сахмгузории онхо  назди муассисахои  таълимии  № 50, 56  ва №6  синфхонахои иловаги сохта шуданд. Дар навбати худ  аз наврасон даъват ба амал оварданд, ки    харчи  бештар китоб хонанд. Дар кисмати чамъбастии чорабини  хонандагони фаъоли деха, ки голиби  озмунхои чумхурияви  гаштаанд, бо ифтихорнома ва сипосномахо кадр карда шуданд.

Гузориши Хоча Назриев,  Худойназар Зухуров.

 

388 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.