home Руйдодхо Кудакистони хусуси

Кудакистони хусуси

Муассисаи таълимии томактабии хусусии   ба номи  «Ойша» икдоми  сохибкори махалли  Мактулби  Абдулхаева  буда,  дар чамоати дехоти ба номи Рудаки нохияи Восеъ, дар чунин  мухити табиати зебоманзара, ихотаи дарахтони  хамешабз  ва гуллу гулбутахои  гуногунранг,  4-уми октябри соли 2021 ум   бо иштироки  Асосгузори Сулху вахдати Милли   Пешвои Миллат, Президенти Чумхурии Точикистон  мухтарам, Эмомали Рахмон  мавриди  истифода карор дода шудааст.  Дар муассисаи таълимии хусуси 15 нафар сокинони  деха,  ба чои кори доими таъмин мебошанд.  Бинои  муассиса  ду ошёна буда,  аз синфхонахои  таълими, хучрахои чои хоб, ошхона ва чои  баргузории  машгулиятхои бози   ва  чорабинихои фарханги иборат аст. Кисми зиёди чорабинихо  бо иштироки волидон баргузор карда шуда,  истеъдодхо  барои рухбаланди  аз чониби сохибкорон хавасманд мегарданд.

Дар ин муассиса, ба солимии кудакон ахамияти аввалиндарача зохир карда шуда, тарбиягирандагон  се вакт бо хурокхои сергизо таъмин карда мешаванд.  Дар чамъомади  солонаи  маорифчиёни нохияи Восеъ, барои нишондодхои бехтарин, миёни 8 кудакиситонхои нохия,  муассисаи таълимии томактабии хусусии ба номи «Ойша»  муассисаи бехтарини  сол интихоб гардида,   аз номи макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия  бо сипоснома  кадр карда шуд. Маъмурияти кудакистон,тавре баён доштанд,   максад доранд, ки   сатху сифати таълиму тарбияро  боз хам  бехтар намуда, кудаконро  дар рухияи ватандусти  ва эхтироми арзишхои сохибистиклолии кишвар  тарбия намоянд.

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

311 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.