Расми хуби точикон, аёдати хешу табор, аз ахволи эхтиёчмандон бохабар шудан, хусусан шод кардани дили ятимону бепарасторон амалхои хайру савоб ба шумор меравад. Хамин аст, ки бахшида ба 25 солагии рузи « Вахдати милли» бо ибтикори макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохияи Восеъ, бахши дин ва танзими анъана ва чашну маросимхо ба мактаб интернати ятимон ва бепарасторони нохияи Восеъ, 10 адад компютерхои замонави оварда тухфа карданд. Рохбарияти мактаб интернат, аз чунин тухфа шод гардида, кайд намуданд, ки мактаб интернат ба ин тачхизотхо ниёз доштанд.
Дар мактаб интернати ятимон ва бепарасторони нохияи Восеъ , 132 нафар кудакон аз шахру нохияхои минтакаи Кулоб ба таълим ва тарбия фаро гирифта шуда, зиндаги доранд. Ёдовар бояд, гардид, ки шогирдони мактаб интернат имсол дар озмунхои Чумхурияви иштирок намуда, сазовори чойхои ифтихори шуданд.
Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров.