home Руйдодхо Намоиш ва фуруши либосхои мактаби

Намоиш ва фуруши либосхои мактаби

Дар нохияи Восеъ, дар маркази  тичорати ва хизматрасонии   Султони кабир,  намоиш ва фуруши  либосхои мактаби, махсулоти  корхонаи ватани  пешкаши сокинони нохия гардонида шуд.   Ин ташабусро шуъбаи маорифи  нохия рохандози карда, баргузории намоишро  дар дехотхо   як руз пеш   ба  сахми сокинон расониданд.   Мисли ин одамон, Юсуф Шарифов  хамрохи наберахояш  аз дехаи Навобод дехоти ба номи Рудаки субхи  барвакт ба ин намоишгох омад. Амаки Юсуф ва наберахояш баъди тамошо, либоси писандидаашонро  интихоб намуданд.

Намоиш ва фуруши  сару либосхои мактаби  аз субхи барвакт шуруъ  гардид. Хамрохи Юсуф, садхо нафар дигар  сокинон аз ин намоиш дидан намуданд. Дар  ин чо, либосхои мактаби, барои писарон ва духтарона  сину соли мактаби барои интихоб озод ва  кулай  ба  намоиш гузошта шуданд. Хар як нафар, либоси писандиаашро интихоб карда мегирифт. Сокинон,  ташкил ва баргузории  ин чорабиниро  тадбири мухим шуморида  ба ташкилкунандагони он изхори минатдори баён карданд.

Барои хавасманд гардонии кудакон  ва болида гардонидани табъи онхо  баъди тамошои  намоишгох, бо икдоми  маъмурияти  маркази тичорати ва хизматрасонии  Султони кабир дар маркази дилхушии корхона,   сайру гашти идона то дер  дома ёфт

Гузориши Хоча  Назриев, Худойназар Зухуров.

237 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.