home Руйдодхо Неъмати замин

Неъмати замин

Дар нохияи Ховалинг боз як боги нав ба  хосил  омад.   Шовали Назаров   бо изхори каноатманди  ва ифтихори ватандори  ба   мевахои  ин дарахтони бог, ки махсули мехнати дастони  У мебошанд,   назар карда, хурсандии  Уро хаду канор нест.  Нок, нахустин меваи бог  аст.

Дар ин мавзеъе, ки  пештар нообод буд, баъди  бунёди  ин бог,  ин мавзеъро сокинон акнун Навобод ном  гузоштанд.     Дар дехаи навбунёд,ки заминхояш санглох  хастанд,  боги Шовали падидаи нав аст. Тачрибаи Шовали исбот кард, ки дар натичаи мехнат чунин заминхоро хам обод кардан илоч дорад. Ин замин  барои хамдехагонаш манбаи  омузиш дар сатми   богкори   ва  тачрибаи пешкадам дар самти  истифодаи самараноки замин  мебошад.

Шовали   Назаров,  ин заминро  самаранок истифода  кардааст.  Дар байни каторахои дарахтон  барои  хуроки чорво  юнучка коридааст.  Ин дарави  дуюми юнучка   дар ин мавсим мебошад.   Захираи   хуроки чорво  барои гузаронидани   давраи зимистонро  таъмин кардааст.   Аз хосили имсолаи бог  барои захираи зимистон, барои  тайёр намудани  шарбату  нушобахои аз лихози экологи тоза  шароитро  мухаё кардааст.   Шовали Назаров  мегуяд, ки   талошхои  Президенти Чумхурии Точикистон  барои  осудагиву ободии  кишвар, рушду нумуи ватани  ачдоди  Уро  рухбаланд намудааст.  Дар хамин  замина,  кушиш кардааст, ки  дар катори  дигар  чавонмардони  ба ору номус,   сахми арзандаи худро дар   ободии  ин гушаи  Точикистон гузорад.

Гузориши Хоча  Назриев,  Худойназар Зухуров  .

61 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.