home Қиссаҳои мардуми кӯҳистон Осиёби бобои — дехаи Кафтархона. Киссахои мардуми кухистон

Осиёби бобои — дехаи Кафтархона. Киссахои мардуми кухистон

Дехаи Кафтархона, дар дехоти ба номи Худоёр  Рачабов  нохияи Восеъ вокеъ мебошад. Аз  маркази нохия дар масофаи  12 километр  ва аз шахри Душанбе 190 километр  дур  аст. Ба диккати онхое, ки  максади сафар ба ин дехаро  доранд, расонидаем, ки   то  ин деха,  рох тахту хамвор   ва   мумфарш карда шудааст.  Кафтархона  аз ин баланди  чунин манзара  дорад.  Манзилхои сокинон, асосан аз як ошёна иборат хастанд.  Дарахтони сояафкан ва  мевадиханда  дехаро печонида гирифтаанд.  Майдонхои васеъи  катортеппахои  Сартез, имкон додаст, ки дар  Кафтархона,   чорводори ва зироаткори  рушд Меваи растании  каварак  дар аёми гурак  буданаш  фоидавора аст.  Киса мекунанд, ки дар тарабхонахои Туркия  онро бо пули калон мехаранд.   Як  чихати  фаркияти Кафтархона аз дигар дехахое, ки  пештар  мо сабт кардем, ин аст, ки ин чо осиёби бобоиро дидем.   Санги    осиёбро  об  тоб  медихад.   Санги    осиёби оби ба гуфти Мухиддин,  700 килограм вазн дорад.  Хамин кадар  санги  вазинро об мегардонад. Санги осиёб,   аз пагохии барвакт  то нисфи шаб дар харакат аст.  Бо хамин тарз,  хамин тавр гандум  майда карда шуда,  орд  истехсол  мешавад. Ба  осиёби  бобои, таввачухи  одамон калон аст. Махсусан одамоне, ки маззаи нони орди онро чашидаанд. Аз осиёб, бо таасуроти  нек баромадем.  Мухиддин, моро ба  шакароби  аз нони осиёби бобои  тайёкардашуда  даъват кард.  Мо рад накардем. Дар ин бора баътар.

 

Дехаи  Кафтархона  аз шафаташ дарёи  Ёксу мегузарад. Дар баробари он ки  хавояш  салкину шамоли  форам  мевазад,  макони  мохи  аст.  Мумкин аз он сабаб  бошад, ки  оби  фаровон дорад. Ин рох моро ба маркази деха мебарад. Хамсафари ман, рузноманигор,  корманди  бахши фарханги нохияи Восеъ дар самти ёдгорихои таърихи  Дустмуроди Араб аст. У мегуяд, ки Кафтархона  дехаи кадима аст. Дар ин хусус, якчанд киссахои Уро гуш кардем. Маънои номи Кафтархонаро хам Дустмурод ба мо гуфт. Инхо растахои Кафтархона мебошанд. Хамвору нохамвор. Кариб, ки хамма рохо таъмирталаб шудаанд. Ин чо икдому ташабусхои созанда  акнун  огоз шуданд. Кафтархона, мумкин аз чихати серобиаш бошад, ки  хавояш салкин  аст. Оби нушокиаш  хунук аст. Нони  бо орди осиёби пухташударо чашидаед. Дар хавлии Мухиддин бо гандуми дар осиёби оби  ордкардашуда, машгули нонпази хастанд. Фатиру, нону кулча мепазанад. Фасли тобистон, баъди  пухтани нон чакароб тайёр мекунанд. Таоми  сабук, иборат аз  чакка,  помидору  кабудихо  хеле бомазза намояд.

 

317 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.