Ин чамъомади ситоди нохияви,дар нохияи Восеъ, ки соати панчи пагохии рузи 5 уми май, доир гардид, натичаи боришоти аз меъёр зиёд боридани борони рузи 4уми май ва пешгири ва рафъи окибатхои офатхои табииро бараси кард. Дар кори ситод хисобот дода шуд, ки дар натичаи бурдани корхои саривакти, офтахои табии пешгири карда шуд. Бо вучуди муввафакиятхо, раиси Комиссияи Холатхои фавкуллода-и макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия, ба рохбарони чамоатхои дехот ва дигар сохторхои давлати супориш доданд, ки барои пешгирии офатхои табии тадбирхои заруриро сари вакт амали намоянд. Хамин тавр вазифахо муаян гардид.
Баъди анчоми чамъомад, бо садои бонги хатар, машки гайринакшави бо чалби кувва воситахои Низоми ягонаи давлатии нохияи Восеъ, оид ба пешгири ва рафъи окибатхои офатхои табии шуруъ гардид. Дар ин машк корхои зерин анчом дода шуд. Дар чамоати шахраки Хулбук 340 нафар одамон барои тоза кардани чуйборхо аз лой ва партовхо дар масофаи 800 метр сафарбар гардиданд. Ин наворхо бошанд, аз дехоти Гулистон сабт гардиданд. Дар ин дехот 100 нафар одамон ва як адад экскватор ва як адад мехлопата сафарбар карда шуданд. Дар ин руз масофаи 250 метр селпарто тахту хамвор карда шуданд. Дар чамоати дехоти ба номи Мирзоали Вайсов бошад, дар корхои пешгирии офатхоии табии 70 нафар сокинони дехот иштирок варзиданд. Бо чалби техникахои сохави 70 метр селпарто байни хочагихо тоза карда шуданд. Барои ичрои амри раиси вилояти Хатлон дар чамоати дехоти ба номи Абди Авазов 60 нафар одамон иштирок варзиданд. Иштирокчиёни ин чорабини 200 метр чуйборхои худуди дехотро аз партовхо тоза карданд.
Дар ин руз, дар дехоти Тугарак бо иштироки 150 нафар одамон ва чалби техника канали обпартои хоча мумин ва 30 метр канали дехаи Ибрат аз лойка тоа карда шуд. Корхои дастачамъии сохилбанди дар чамоати дехоти ба номи Худоёр Рачабов мушохида гардид. Дар ин сохили дарёи Ёксу, ки аз мавзеъи хочаи шом мегузарад, бо чалби хашарчиён ва техникахои сохави корхои симтурбанди анчом дода шуданд. Корхои сохилбанди дар ин мавзеъ аз чониби корхонаи ЧДММ «Нуроб» рохандози карда шуда истодааст.
Дар мачмуъ дар машки гайринакшави 984 нафар одамон ва 49 техника ва дигар механизмхо истифода карда шуда 6 хазору 168 метр селрохахо аз лойка тоза карда шуда ба микдори 21 куб партовхо бароварда шуданд.
Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров.