home Руйдодхо Рузи оила дар Восеъ

Рузи оила дар Восеъ

Инхо оилахои бехтарин  аз  чамоати шахрак ва  дехотхо, оилахои намунавии нохияи Восеъ,  хастанд.  Хаёти  ин оилахо,  масъулияти волидон   дар таълим ва тарбияи фарзандон, накши  хамсарон  дар  солими ва  мустахкамии  оила  пеш аз ин  дар якчанд чорабинихои оммави  намунаи ибрат,    муарифи   гардиданд. Ин навбат,    дар  тачлили  рузи   байналмиллалии   оила, чорабинии  сатхи чумхурияви      даъват  шуданд. Ин чорабини, дар доираи  накша чорабинихои  сабти асноди холати шахрванди  Вазорати адлияи Точикистон дар нохияи Восеъ дар якчояги  бо шуъбаи кор бо занон ва оила ва  бахши кор бо чавонон ва варзиши  нохия  дар боги фарогати  ва  истирохатии  нохияи Восеъ баргузор  гардид.   Дар кисмати расмии чорабини  дар баромади маърузачиён  кайд гардид, ки  сахми  чамоатхо, шахсони  рузгордида  ва   бо иштироки онхо баргузор намудани  чорабинихои оммави,   дар ташкил  ва  мустахкамии оилахо ва пешгирии  пошхурии оилахо  накши  мухим  гузоштааст. Сол то сол  зиёд ба кайд гирифтани  пошхурии  оилахои чавон нисбати ин   хамчун  падидаи номатлуб  пешгирии  намудани он  изхори назар карда шуд. Бо вучуди   камбудихо, аз  муввафакияту  дастовардхо дар ин самт  натичагири гардид.  Ин чорабини аз бахшхои чолиб иборат буда,  пурмазмун  ва  хотирмон  гузашт.

Дар кисмати  саволу чавоб  аз тачрибаи оилахои  рузгордида, иштирокчиён аз тачрибаи хаёти  оиладории худ, оммаду ноомадихо, мавкеъи  сабру тахаммул  дар хаёти оиладори  накл карда ба саволхои  чавонон  чавоб доданд. Дар кисмати  такдими тухфахо  ба оилахои рузгордида ва  оилахои чавон, ва тифлони  дар мохи май ба дунё омада  бо шаходатномаи тавваллуд ва  шаходаномаи акди никохи давлати бо  тухфахои хотирави кадр карда шуданд.

Дар кисмати фархангии чорабини кормандони бахши фарханги нохия бо сурудхои ватандустона  хотири иштирокчиёни чорабиниро  болида  гардониданд.

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар  Зухуров.

78 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.